Нигаронии Тоҷикистон аз муноқиша дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кардааст:

“Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст”, — гуфта шудааст дар изҳорот, ки шоми 28 сентябр нашр шуд.

Таъкид шудааст, ки Тоҷикистон аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Бино ба гузориши мақомоти он кишварҳо, дар натиҷаи муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои охир дар Қарабоғи Кӯҳӣ 16 сарбоз ва панҷ ғайринизомӣ ба ҳалокат расиданд. Аз ҷумла, мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ рӯзи якшанбе эълом карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакборони Озарбойҷон 16 хизматчии ҳарбӣ кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ шудаанд. Мақомоти Озарбойҷон ҳам гуфтанд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҷониби Арманистон панҷ узви як хонавода ҷон бохтаанд.

Вобаста ба ин Арманистону Қарабоғи Кӯҳӣ ва Озарбойҷон ҳолати ҷангӣ эълон карданд.

Тибқи гузоришҳои дигар, нерӯҳои ҷудоиталаб дар Қаробоғи Кӯҳӣ субҳи 27-уми сентябр чаҳор чархболи низомии Озарбойҷонро дар ин минтақа сарнагун карданд. Вазорати мудофиаи Арманистон низ аз сарнагун кардани 15 ҳавопаймои бидуни сарнишин ва ҳамчунин аз байн бурдани 10 танк дар ин минтақа хабар дод.