Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол таҳти роҳбарии Ҷаъфар Ахмедов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки 13 апрел дар шаҳри Тошканд ба анҷом расид, ғолиб омад, хабар додааст ФФТ.
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳамтоёнашон аз Узбекистон мусовӣ – 0:0 бозӣ карданд. Қаблан дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон тимҳои Туркманистон (5:1), Қирғизистон (4:0) ва Афғонистон (3:2)-ро мағлуб карда буд.
Ҳамин тариқ, наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бо касби 10 имтиёз зинаи аввалро ишғол карда, ғолиби Чемпионати CAFA-2026 шуданд. Медалҳои нуқраро тими Узбекистон бо 8 имтиёз ва медалҳои биринҷиро Қирғизистон бо 6 имтиёз соҳиб шуданд.
Ин бори панҷум аст, ки дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ғолиб меояд. Наврасони мо қаблан солҳои 2019, 2022, 2023 ва 2025 дар мусобиқаи CAFA ғолиб омада буданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон









