10 апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Калининград консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург Шералӣ Хуршед бо губернатори вилояти Калининград Беспрозванних Алексей мулоқот намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни вохӯрӣ оид ба густариши ҳамкориҳои дар соҳаҳои иқтисод, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон, дар мулоқот медали ҳарбии «Барои хизматӣ ҷангӣ» Ишанов Алим, зодаи Тоҷикистони шуравӣ, ки 81 сол пеш дар ҳайати фронти 3-юми Белоруссия дар амалиёти ҷангӣ иштирок карда буд, тақдим гардид. Медали мазкур аз ҷониби гурӯҳи ҷустуҷӯӣ дар ҷойҳои набардҳои соли 1945 пайдо карда шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон






