“Кулоҳи арғувонӣ”: имтиҳони ирода, рамзи шараф ва мактаби мардонагӣ

Shared to Facebook Shared to Max

9 апрели соли равон дар қисми ҳарбии 3502-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи тозае дар таърихи варзиши ҳарбии ҷумҳурӣ боз шуд: бори нахуст мусобиқаи ҷумҳуриявии “Кулоҳи арғувонӣ” баргузор гардид. Ин рӯйдоди муҳим ба 33-солагии таъсисёбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бо ташаббуси бевоситаи Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ генерал-майор Суҳроб Рауфзода роҳандозӣ гардид.

Ба гуфтаи масъулин, ин мусобиқа на танҳо як рақобати варзишӣ, балки имтиҳони ҷиддии ирода, матонат ва омодагии касбии сарбозону афсарон аст.

Дар фазои пуршиддати майдони тамрин, ки ҳар лаҳзааш пур аз ҳаяҷону масъулият буд, иштирокчиён маҳорати ҷангӣ, зиракии фаврӣ ва устувории равонии худро ба намоиш гузоштанд. Машқҳои тан ба тан, рафъи ҳамлаҳои ногаҳонӣ, кор бо силоҳ ва дигар навъҳои озмунҳои варзиши ҳарбӣ нишон доданд, ки Қӯшунҳои дохилии кишвар дар самти омодасозии кадрҳои касбӣ ба сатҳи нав баромадаанд.

Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои
дохилии Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу

Ба гуфтаи генерал-майор Суҳроб Рауфзода, Фармондеҳи Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, мусобиқа дар чор гурӯҳи асосӣ бо иштироки беҳтарин афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии раёсат баргузор гардид:

“Ҳадафи асосии мо аз роҳандозии чунин мусобиқа, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва касбии ҳайати шахсӣ, таҳкими рӯҳияи ҳарбӣ ва тарбияи ҳисси баланди ватандӯстӣ мебошад. “Кулоҳи арғувонӣ” бояд ба як мактаби воқеии мардонагӣ ва намунаи ибрат барои ҳар як хизматчии ҳарбӣ табдил ёбад”, — гуфт генерал-майор дар суҳбат бо хабарнигори “ИмрӯзNews”.

Барои таъмини шаффофият ва сатҳи баланди баҳогузорӣ ба мусобиқа ду коршиноси варзидаи байналмилалӣ аз Беларус даъват гардиданд. Ба гуфтаи масъулин, ҳузури онҳо на танҳо эътимод ба натиҷаҳои озмунро афзуд, балки таҷрибаи байналмилалиро низ ба ин раванд ворид сохт.

Подполковник Темур Киличов, муовини фармондеҳ оид ба корҳои идеологии бригадаи таъиноти махсуси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Беларус, аз сатҳи омодагии иштирокчиён изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт:

“Он чизе ки ман дар ин ҷо дидам, воқеан қобили таҳсин аст. Сарбозону афсарони тоҷик на танҳо аз лиҳози ҷисмонӣ омодаанд, балки дорои иродаи қавӣ ва интизоми баланд мебошанд. Чунин мусобиқаҳо на танҳо маҳоратро сайқал медиҳанд, балки рӯҳияи ғолибиятро низ дар зеҳни хизматчиён ташаккул медиҳанд”.

Ҳамзамон, подполковник Евгений Наривончик, муовини фармондеҳ оид ба омодагии ҷангии ҳамон бригада, ба сатҳи ташкилӣ ва муҳити баргузории мусобиқа баҳои баланд дода, таъкид намуд:

“Интихоби макон, омодасозии инфрасохтор ва сатҳи умумии ташкилот нишон медиҳад, ки роҳбарияти Қӯшунҳои дохилии Тоҷикистон ба омодагии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Бо чунин раванд, ин мусобиқа метавонад дар оянда ба як платформаи минтақавӣ ва ҳатто байналмилалӣ табдил ёбад”.

Меҳмонони белорусӣ инчунин изҳор доштанд, ки шиносоӣ бо шароити хизмат ва тамрини сарбозони тоҷик барои онҳо таҷрибаи ҷолиб ва судманд буд. Онҳо умедворӣ карданд, ки чунин ҳамкориҳо дар оянда низ идома ёфта, ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ мусоидат хоҳанд кард.

Ба таъкиди генерал-майор Суҳроб Рауфзода, “Кулоҳи арғувонӣ” танҳо як мусобиқа нест, балки рамзи эътибор ва нишонаи баландтарини омодагии ҳарбӣ мебошад:

“Мо ният дорем, ки ин мусобиқаро ба анъана табдил диҳем. Дар оянда соҳибони “Кулоҳи арғувонӣ” бояд ҳамчун беҳтарин намояндагони Қӯшунҳои дохилӣ эътироф шаванд – нафароне, ки ҳам аз лиҳози ҷисмонӣ ва ҳам маънавӣ омодаанд, то дар ҳифзи амният ва суботи кишвар саҳм гузоранд”, — изҳор дошт ӯ.

Дар маҷмӯъ, дар мусобиқаи ҷумҳуриявии “Кулоҳи арғувонӣ” 250 нафар иштирок намуда, 27 нафар афсарону хизматчиёни Қӯшунҳои дохилӣ ва таъиноти махсус дар рақобатҳо ғолиб омаданд.

Маросими тантанавии қадрдонии ғолибон рӯзи 10 апрел – дар Рӯзи таъсисёбии Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода баргузор гардид. Дар ин маросим ғолибон бо нишонҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномащо сарфароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки аллакай нақшаҳо барои идомаи ин ташаббус тарҳрезӣ шудаанд. Тибқи барнома, моҳи октябри соли ҷорӣ баргузории чунин мусобиқаи дигар дар назар аст, ки он метавонад доираи иштирокчиён ва сатҳи рақобатро боз ҳам густариш диҳад.

Ҳамон тавре ки дар маросими ҷоизасупорӣ гуфта шуд, “Кулоҳи арғувонӣ” имрӯз танҳо як унвон нест – он рамзи шуҷоат, устуворӣ ва садоқат ба Ватан аст. Ва муҳимтар аз ҳама, он нишон медиҳад, ки насли ҷавони ҳомиёни амнияти кишвар омодаанд бо иродаи қавӣ ва дилу нияти пок масъулияти бузурги ҳифзи сулҳу суботро бар дӯш гиранд.