Брифинги Сафорати Тоҷикистон дар Узбекистон

Shared to Facebook Shared to Max

14 апрели соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон брифинг доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни суханронӣ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Исматулло Насредин маълумоти муфассал роҷеъ ба чорабинӣ, омодагиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии Конфронс ироа намуд. Инчунин, сафир доир ба баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, таъсиси гӯшаи намоишгоҳи байналмилалӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳошияи Конфронс, таъкид карданд.

Дар брифинг зиёда аз 30 намоянда, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Узбекистон, сафирони кишварҳои хориҷии муқими кишвари иқомат, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон