29 март нахуст дар шаҳри Бӯстон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозиии пурра бо 300 ҷойи нишаст бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти навсозишуда аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.
Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки баъди навсозӣ Театри давлатии драммавии русиии ба номи Александр Пушкин ва фароҳам овардани шароити муосири корӣ дар он барои ҳунармандон ва аҳли фарҳанги шаҳри Бӯстон шароити зарурӣ фароҳам гардида, 36 сокин бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Иншооти мазкур баъди муддати тулонии фаъолият ба таъмиру навсозӣ ниёз дошт ва дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҳукумати кишвар пурра навсозӣ гардид.
Дар даврони Истиқлоли давлатӣ театр ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои баланди эҷодӣ ноил гаштааст.
Дар ин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли ҳунар суҳбати самимӣ доир намуда, бо фароҳам овардани шароити муосир барои рушду нумуи соҳа ба масъулин барои ҳалли масъалаҳои кадрӣ ва ҷалби ҳунармандони соҳибзавқу хушсалиқа тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.













