11 март дар Вазорати корҳои хориҷӣ миёни вазорату идораҳои давлатӣ ва тими кишварии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) муколамаи фарогир роҷеъ ба ислоҳоти низоми рушди Созмон, ки аз ҷониби Дабири кулли он Антониу Гутерреш роҳандозӣ гардидааст, сурат гирифт.
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷӣ, дар кори Муколамаи фарогир кормандони аршади Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, муовинони роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони онҳо, роҳбарони муассисаҳои тахассусии СММ, аъзои тими кишварии он ва кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Вазорати корҳои хориҷӣ иштирок намуданд:
“Муколама ба мақсади баланд бардоштани сатҳи огаҳии намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ аз ислоҳоти СММ ва ҳадафу вазифаҳои он, инчунин роҳандозии ҳамкорӣ ва шарокати самараноктар миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмон ҷиҳати таҳияи барномаи марбутаи ҳамкорӣ зери унвони “Чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид” (United Nations Sustainable Development Cooperation Framework -UNSDCF), ки татбиқи он 1 январи соли 2023 оғоз мегардад, ташкил шудааст”, — мегӯяд ВКХ.
Ҳамоишро аз ҷониби Тоҷикистон Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва аз тарафи СММ – Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу ифтитоҳ намудаанд. Муовини вазир роҷеъ ба марҳилаҳои ҳамкории Тоҷикистону СММ дар соҳаҳои гуногун ва мавқеи кишвари мо нисбат ба ислоҳоти низоми рушди Созмон изҳори назар намуда, гуфтааст, таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо СММ ва ниҳодҳои тахассусии он аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
“Дар ҷаҳони хеле пароканда ислоҳоти СММ ба мо кумак мекунад, ки аҳаммияти ҳамкориҳои бисёрҷонибаро барои сулҳ, амният ва рушд бори дигар таъйид намоем. Барои муваффақ шудан дар ҳама соҳаҳои кор ба мо ҳамкориву шарокати фаъолу пайваста, созанда ва саривақтӣ дар ҳама сатҳҳои ҳукумат лозим аст. СММ танҳо дар сурате метавонад дар кори худ ё ислоҳот комёб шавад, ки агар мо ҳамкорӣ кунем”, — гуфтааст Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон.
Коршиносони тими кишварии СММ дар Тоҷикистон ба ширкаткунандагон роҷеъ ба ҷанбаҳои асосии ислоҳоти Дабири кулли СММ, ки дар муқоиса ба равандҳои ҳамсони қаблӣ аз сатҳи баланди тарзи идора ва дастгирии якдилонаи кишварҳои узви СММ бархӯрдор мебошад, маърӯзаву рӯнамоиҳо ироа кардаанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд, ислоҳоти мавриди назар дар самтҳои рушд, мудирият ва сулҳу амният ба ҳадафу вазифаҳои қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ зери унвони “Бознигарии фарогири чаҳорсолаи низоми амалии СММ аз соли 2016 (QCPR- 2016)” посухгӯ буда, мабнӣ ба қатъномаи Маҷмааи Умумии СММ 72/279 дар соли 2018 роҳандозӣ мешавад.