Омаданд, ки худ бубинанд… Вазъи эпидемиологии Тоҷикистонро муайян карда, ба ҳукумати Русия гузориш медиҳанд

Shared to Facebook

Ҳамон тавре ки интизор мерафт, 16 март намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Русия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон – “Роспотребнадзор” ба Тоҷикистон омаданд.

Бино ба хабари маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ин ҳайат ҷиҳати иҷрои тавофуқоти зимни ҷаласаи 17-умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳосилшуда “ҷиҳати таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд”.

Бино ба маълумоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳадафи сафари ҳайат тақвияти ҳамкориҳо байни “Роспотребнадзор” ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон “бо мақсади таҳкими некӯаҳволии санитарию эпидемиявии аҳолии ду кишвар мебошад”.

Гуфта мешавад, ин сафари ҳайати Русия “имкони татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи санитарии қаламравҳо ва муқовимат ба таҳдидҳои сироятӣ, аз ҷумла тавассути таҳқиқоти муштарак, эҷоди нерӯи инсонӣ ва лабораторӣ, ҳамоҳангсозии равишҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемии аҳолӣ ва пешгирию назорати бемориҳои сироятиро фароҳам меорад”.

Дар идомаи сафари ҳайат ба Тоҷикистон рӯзи гузашта муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Самариддин Ализода бо намояндагони “Роспотребнадзор” Олга Кедрова, Ирина Шарова ва Кирилл Марсоха мулоқот намудааст:

“Ҷонибҳо доир ба вазъи феълии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд”, — хабар дод маркази матбуоти Вазорат.

Созиш дар мавриди сафари ҳайати “Роспотребнадзор” зимни ҷаласаи комссияи байниҳукуматӣ таҳти роҳбарии сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук ҳосил шуда буд.

Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 8-9 феврали имсол дар шаҳри Маскав баргузор гардида буд, ки бино ба маълумоти ВКХ Тоҷикистон, дар он аз ҷумла, масъалаи барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ баррасӣ шуда буд. Ҷониби Тоҷикистон бо дарназардошти беҳбуд ёфтани вазъи санитарӣ ва эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ ба Русия пешниҳод кард, ки масъалаи зудтар барқарор кардани иртиботи ҳавоиро байни ду кишвар баррасӣ кунад. Ин масъала дар пасманзари мавзӯи муҳоҷират ва аз Тоҷикистон бозгардонидани донишҷӯёне, ки ба макотиби олии Русия дохил ва ё дар онҳо таҳсил мекунанд, инчунин густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳокима шуда буд.

Он замон ҳукумати Русия эълон кард, ки дар зимни дархости сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои оғози парвозҳо як ҳайати коршиносони “Роспотребнадзор”-ро ба Тоҷикистон мефиристад. Гуфта мешуд, мутахассисони Русия вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунанд:

“Ҷонибҳо созиш карданд, ки мутахассисони Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва накӯаҳволии инсон аз Тоҷикистон боздид карда, вазъи эпидемиологиро баҳогузорӣ кунанд. Ин ҳайат дар пайи омӯзиш ба Ситоди пешгирии вуруду паҳншавии коронавирус дар Русия гузориш хоҳад дод”, — гуфта мешуд дар иттилоияи Ҳукумати Русия.

Ҳоло гуфта мешавад, сафари кории намояндагони корхонаи федералии тиббии Институти илмӣ-таҳқиқотии зидди вабои Русия “Микроб”-и назди Хадамоти федералии назорат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва некӯаҳволии инсон “Роспотребнадзор” дар Тоҷикистон то 19 март идома ёфта, дар назар аст, ки дар ин муддат онҳо аз якчанд озмоишгоҳ ва муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ боздид намоянд. Ҳамакнун коршиносони рус шурӯъ аз имрӯз бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии тандурустии ҷамъиятӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва дигар озмоишгоҳу муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ боздид менамоянд.

Зимнан, зарурати барқарор кардани парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия ҳанӯз зимни сафари Раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Маскав дар охирҳои моҳи ноябри соли сипаригардида ҳам таъкид шуда буд.

Қаблан Тоҷикистон эълон кард, ки азм дорад, дар ояндаи наздик иртиботи ҳавоиро бо дигар кишварҳо аз сар гирад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, аз 30 декабри соли 2020 ба ин тараф дар ҷумҳурӣ ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус сабт нашудаанд.

26 январ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пирӯзии комили Тоҷикистонро бар коронавирус эълон кард.