Путин ҳам ба Тоҷикистон намеояд: дар атрофиёнаш COVID-19 ошкор шудааст

Shared to Facebook

Президенти Русия Владимир Путин бинобар ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 дар атрофиёнаш маҷбур шудааст, ки ба гӯшанишинӣ (изолятсия) равад. Ба ин далел ӯ ба Душанбе намеояд ва дар ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва ҷаласаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ тавассути видеоконфронс ширкат мекунад.

Дар ин бора рӯзи сешанбе хабаргузории ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуотии Кремл хабар дод.

Ба маълумоти манбаъ, Путин зимни суҳбати телефонӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар ин бора хабар додааст.

“Владимир Путин гуфт, ки дар робита ба ҳолатҳои муайяншудаи коронавирус дар атрофиёни ӯ, вай бояд дар як муддати муайян режими гӯшанишинро риоя кунад”, — омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ки бо дарназардошти ин, Президенти Русия дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи якҷояи сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СААД ва СҲШ), ки рӯзҳои 16-17-уми сентябр дар Душанбе баргузор шавад, дар шакли видеоконфронс ширкат мекунад.

Як рӯз қабл аз ин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода буд, ки Президенти Русия Владимир Путин бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар хабар гуфта мешуд, ки дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо нахуст “як ба як” суҳбат намуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо баргузор мешавад:

“Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид имзои зиёда аз 20 санади нав дар назар аст, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард”, — гуфта мешуд дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.

Ҳамчунин гуфта мешуд, ки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин дар маросими маҷозии санги асос гузоштан ба оғози сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода иштирок мекунанд.

Зимнан, дар ҷаласаи ҷашнии СҲШ дар Душанбе Раиси ҷумҳури Чин Си Ҷинпин низ аз тариқи видеоконфронс ширкат мекунад.