Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ

Shared to Facebook Shared to Max

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 6 март, дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ амалӣ намудаанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ дод.

Бо фармони Президент, Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини якуми раиси суди вилояти Суғд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардидааст.

Ҳамчунин, прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ аз шумули кадрҳои кордону соҳибтаҷриба ва дорои малакаи хуби назорату роҳбарӣ таъин гардидаанд.

Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои кишвар прокурор ва сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ иваз карда шудаанд.

Зимни суҳбат Роҳбари давлат фаъолияти сохторҳои зикршударо ҳаматарафа баррасӣ намуда, ҷиҳати рафъи камбудиҳо, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, бахусус истеъмолу фуруши маводи мухаддир, қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки замин, таъмини тартиботу волояти қонун ва амну суботи ҷомеа супоришҳо додаанд.

Таъкид гардидааст, ки дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои давлату миллат дар мадди аввал бошад ва ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бояд дар доираи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда фаъолияти худро ба роҳ монда, вазифаҳои хизматиашонро пурра ва софдилона иҷро намоянд.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос ва азхуд кардани донишҳои муосири техникӣ аз масъалаҳое буданд, ки Президент ба таври ҷиддӣ таъкид намудаанд.