Бо даъвати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас 23-24 апрел аз қитъаҳои марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон дар самтҳои Шӯрообод ва Қалъаихумб боздид кардааст:
“Станислав Зас бо ташкили инфрасохтори сарҳадӣ ва муҷаҳҳаз кардани қисмҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад шинос шуд”, — хабар дод котиботи СААД.
Зас ҳамчунин як зани тоҷикро, ки дар бемористон бо захми тир аз ҷониби кишвари ҳамсоя бистарӣ буд, аёдат карда, аз ёдгории марзбонони ҳалокшуда боздид намудааст.
Гуфта шудааст, ин сафар аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи омодасозии лоиҳаи Барномаи байнидавлатии мақсадноки Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар самти таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон ташкил гардид.