Ҷоизаи Президент: имсол 32 варзишгар қадрдонӣ шуданд

Shared to Facebook

1 март дар Кохи “Суруш”-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони тоҷик, ки дар соли 2021 дастовардҳое доштанд, баргузор шуд. Дар маҷмуъ, имсол 32 варзишгар дар 4 намуди варзиш – ҷудо, гуштин, бокс, таеквондо — соҳиби Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои пирӯзӣ ва бурдани ҷоизаҳои мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2021 гардиданд. Ҳамчунин, ба мураббиёни онҳо мукофотҳои пулӣ дода шуд.

Ба гуфтаи масъулин, бо ин мақсад аз Фонди Президенти Тоҷикистон 450000 сомонӣ ҷудо шуд.

“Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ” соли 2015 таъсис ёфта, дар 7 сол 201 ҷоиза ба варзишгарон ва мураббиёнашон тақдим гардидааст. Маблағи умумии ҷоиза дар ин давра 4392500 сомониро ташкил додааст.

Дар ин чорабинӣ Темур Раҳимов “Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди олимпӣ” миёни мардон эълон гардид. Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷудои Осиё медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Акмалиддин Каримов, ки соли 2021 дар сабқатҳои қаҳрамонии самбои ҷаҳон Чемпиони ҷаҳон шуд, “Беҳтарин варзишгар байни калонсолон аз рӯи намуди ғайриолимпӣ” эълон гардид.

Мижгона Самадова “Беҳтарин варзишгар дар варзишҳои навъи олимпӣ” миёни занон эълон шуд. Самадова дар Чемпионати бокси Осиё медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Гуфта шуд, касоне, ки сазовори унвони “Беҳтарин варзишгар”-ро дар риштаҳои варзиш ба даст оварданд, сазовори 15 ҳазор сомонӣ ҷудо аз дастовардҳои дигари варзишияшон шуданд. Дар умум, ба гуфтаи масъулин, варзишгароне соҳиби ҷоиза шуданд, ки меъёрҳои “Низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ”-ро иҷро карданд.

 

Барандагони Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар соли 2021:

1. Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) — медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -73кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ);

2. Далер Ризозода (гуштини юнонӣ-римӣ) — медали нуқраи Чемпионати Осиё дар вазни -77кг (13-18.04.2021, Алмаато, Қазоқистон), 50000 сомонӣ (10000 сомонӣ ба мураббӣ);

3. Комроншоҳ Устопириён (ҷудо) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни -90кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

4. Темур Раҳимов (ҷудо) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни +100кг (6-9.04.2021, Бишкек, Қирғизистон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

5. Миҷгона Самадова (бокс) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 57кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

6. Шоира Зулқайнарова (бокс) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 60кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

7. Баҳодур Усонов (бокс) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 64кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

8. Шаббос Негматуллоев (бокс) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни 81кг (24-31.05.2021, Дубай, АМА), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

9. Моҳрӯ Ҳалимова (таеквондо ВТ) — медали биринҷии Чемпионати Осиё дар вазни -67кг (16-18.06.2021, Бейрут, Лубнон), 25000 сомонӣ (5000 сомонӣ ба мураббӣ);

10. Шодмон Ризоев (ҷудо) — ҷойи якум дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 18750 сомонӣ (3750 сомонӣ ба мураббӣ);

11. Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҷудо) — ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ);

12. Акбаралӣ Абдураҳмонзода (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

13. Искандарбек Рустамов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

14. Абубакр Муродов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

15. Абдураҳим Ёқубов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

16. Сироҷиддин Ҳоҷиев (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

17. Абубакр Шеров (ҷудо) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ)

18. Масъуд Аҳмадзода (ҷудо) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ);

19. Давлатҷон Назриев (ҷудо) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ);

20. Дурандеш Зубайдов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни ҷавонон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

21. Руслан Ғафуров (бокс) — ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 12500 сомонӣ (ба мураббӣ 2500 сомонӣ);

22. Парвиз Абдураҳмонов (ҷудо) — ҷойи дуюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни наврасон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 12500 сомонӣ (2500 сомонӣ ба мураббӣ);

23. Анушервон Фозилов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

24. Бузургмеҳр Иксанов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

25. Шаҳбоз Додоҷонов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

26. Муҳаммад Ҷабборов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

27. Юсуф Фозилов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

28. Нурланбек Эрматов (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

29. Акмалҷон Абдувалиев (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

30. Бибиҷон Музаффарова (бокс) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё байни наврасон (20-30.08.2021, Дубай, АМА), 6250 сомонӣ (ба мураббӣ 1250 сомонӣ);

31. Суруш Эркаев (ҷудо) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ);

32. Муҳаммад Юсуфзода (ҷудо) — ҷойи сеюм дар чемпионати Осиё/Уқёнус байни ҷавонон (04-05.12.2021, Бейрут, Лубнон), 6250 сомонӣ (1250 сомонӣ ба мураббӣ).

Ҳамчунин, дар чорабинии рӯзи гузашта беҳтаринҳо аз рӯи номинатсияи “Мураббии беҳтарин дар соли 2021” муайян гардиданд. Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи намуди дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи намуди гӯштини юнонӣ- румӣ Равшан Ҳайдаров, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Мирзо Шамсиев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо Носир Бозоров ва сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба бокс Носирҷон Азимов беҳтарин мураббиҳои Тоҷикистон дар соли гузашта эътироф шуданд. МД “Маҷмааи варзишии ноҳияи Данғара”, МД “Қасри тенниси КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон”, МД “Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ” ва МД “Маҷмааи варзишии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ш. Хуҷанд) беҳтарин иншоотҳои варзишӣ дар соли 2021 эълон гардиданд.