Имрӯз, 27 апрел, дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар ҷаласа вазирони мудофиаи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, намояндаи Вазорати мудофиаи Арманистон, Дабири кулли СААД ва сардори Ситоди муштараки СААД иштирок кунанд:
“Дар ҷаласа чолишҳо ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва вазъи минтақаҳои гуногуни кишварҳои узви СААД ва чораҳои беасаргардонии онҳо, инчунин масъалаҳои рушди ҷузъи низомии Созмон, ки бо дарназардошти воқеияти имрӯза аҳамияти муҳим доранд, баррасӣ мешаванд”, — хабар дод котиботи СААД.
Ҳамчунин, роҳбарони идораҳои мудофиа лоиҳаи Қарори ША СААД-ро дар бораи вақт ва ҷойи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи СААД ва сохтори қолабии Фармондеҳии Неруҳои дастаҷамъии вокуниши фаврии СААД, ки дар ҷараёни тамрини даставӣ — ситодӣ озмоиш ва бо дарназардошти натиҷаҳои мувофиқасозии дохилӣ коркард шудааст, баррасӣ мекунанд.
Рӯзи 29 апрел бошад, дар Душанбе таҳти раёсати Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД баргузор гардида, дар он низ масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин чораҳои безараргардонии онҳо муҳокима карда мешаванд.
Ба рӯзномаи ҷаласаҳо инчунин муҳокимаи нақшаи чорабиниҳо барои 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД шомил аст.
Дар ҷараёни ҷаласаҳо нақшаҳои муҷаҳҳаз гардонидани неруҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши муштараки ташаккулёбии неруҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва Нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи якуми соли 2022 баррасӣ карда мешаванд, хабар дод манбаъ.
Дар ин ҷаласаҳо Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.
Дар назар аст, ки қабл аз оғози нишастҳо вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амниятро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул намояд.