Муноқиша дар марз. Президентҳои Осиёи Марказӣ вазъро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 30 апрел ва 1 май бо президентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва ду маротиба бо президенти Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом дода, масъалаи вобаста ба вазъият дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кардааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, нахуст дар суҳбати телефонии рӯзи 30 апрел бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯйдодҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омада муҳокима шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи чораҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон дар самти рафъи ташаннуҷ дар хатти сарҳад ва ҳалли вазъ бо роҳҳои дипломатӣ маълумот додааст:

“Зимни суҳбат инчунин, баъзе ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ, мубодилаи афкор сурат гирифт”, — хабар дод манбаъ.

Ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти аввали президенти Тоҷикистон бо президенти Қирғизистон Содир Жапаров сурат гирифта, дар он ҷонибҳо оид ба ҳодисаҳои ахири низоъбарангези ноҳияҳои сарҳадӣ ибрози андеша намудаанд ва вазъи сарҳадоти байни Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд:

“Аҳаммияти хоссаи иҷрои пайвастаи мувофиқаҳои бадастомада, ки ба муътадил намудани вазъият ва роҳ надодан ба шиддат гирифтани он, аз ҷумла оташбаси комил ва хуруҷи қушунҳо аз хатти марз дар муҳлатҳои муайянгардида равона шуданд, таъкид гардид”, — хабар дод Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.

Дар ин зимн президентҳо муҳиммияти идомаи муколамаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи раванди гуфтушунидҳои марбут ба масъалаҳои марзӣ таъкид намудаанд.

Дар ҳамин гуфтугӯ ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ба таври фаврӣ рӯзи 1-уми май ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳоро оид ба делимитатсия ва демаркатсия дар шаҳри Баткени Қирғизистон доир намоянд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар асоси дуҷониба дар рӯҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокироту машварат ҳаллу фасл карда шаванд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон президенти Қирғизистонро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Жапаров даъватро пазируфтаву манбаъ мегӯяд, муҳлатҳои мушаххаси сафар бо роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешаванд:

“Аз рӯйи натиҷаҳои суҳбат ҷонибҳо бо мақсади андешидани чораҳои мушаххас тибқи тамоми ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутаносибан судманд ба вазорату идораҳои дахлдор супоришҳои зарурӣ доданд”, — хабар дод манбаъ.

Мулоқоти дуввуми президентҳои ҳарду кишвар рӯзи 1 май баргузор шудааст:

“Дар рафти суҳбат сарони давлатҳо ҷараёни амалӣ гардонидани мувофиқаҳои байни ҷонибҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Дар ин зимн ба масъалаҳои риояи оташбаси комил ва баргардонидани нерӯҳои низомӣ ба маконҳои домии онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат президентҳо, ҳамчунин, атрофи фаъолияти муштараки гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода ва оғози ҷаласаи Комиссияҳои байниҳукуматии ҷонибҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсия ибрози андеша намудаанд.

Рӯзи 1 май президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом додааст:

“Дар ҷараёни суҳбати боэътимод Пешвои миллат ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мувофиқаҳои ҷонибҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ду кишвар нигаронда шудаанд, иттилоъ доданд”, — хабар дод манбаъ.

Дар ин зимн муҳиммияти хоссаи дарёфти роҳҳои ҳалли ҳамаи мушкилоти мавҷуда тавассути музокирот ва муколамаи созанда таъкид гардидааст.

Дар маркази диққати ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои умдаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус ҷараёни нигаронкунандаи рушди вазъ дар Афғонистон, қарор доштаанд.

Дар баробари ин, президентҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мубодилаи афкор намудаанд.

Ҷонибҳо зарурати андешидани чораҳои муштараки минбаъдаро ба хотири таҳкиму таъмиқи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои фарогири ду кишвар таъкид кардаанд.