Рустам Ятимов – гаронбаҳотарин дарвозабони Осиёи Марказӣ

Shared to Facebook Shared to Max

Портали Transfermarkt арзиши бозории бозигаронро нав карда, рейтинги нави гаронбаҳотарин дарвозабонҳои Осиёро нашр намудааст. Дар ин феҳрист яке аз ҷойҳои баландро дарвозабони тоҷик Рустам Ятимов ишғол кардааст.

Ҷойи аввалро дар феҳристи нави Transfermarkt дарвозабони ҷопонӣ Зайон Сузуки (23-сола), ки дар “Парма” (Италия) бозӣ мекунад, бо арзиши 20 миллион евро ишғол кардааст.

Ҷойи дуюмро Лео Кокубо (25-сола, Ҷопон / “Сент-Трюден”) бо арзиши 4 миллион евро ишғол кардааст.

Дар мақоми сеюм дарвозабони дигари ҷопонӣ Йохей Такаока (29-сола, “Ванкувер Уайткэпс” / Канада) бо 3,5 миллион евро ҷой гирифтааст.

Ҷойи чорумро Эмил Аудеро (29-сола, Индонезия / Италия, “Кремонезе”) бо 3,2 миллион евро ба худ ихтисос додааст.

Панҷгонаи беҳтаринро Кейсуке Осако (26-сола, Ҷопон / “Санфречче Хиросима”) ва Мэттю Райани австралиягӣ (33-сола, Испания / “Леванте”) бо 2 миллион евро ҷамъбаст кардааст.

Ҷои шашумро Рустам Ятимов (27, Тоҷикистон/Русия, Ростов) бо 1.80 миллион евро ишғол кардааст.

Ҳамин тариқ, Рустам Ятимов гаронтарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ боқӣ монда, мавқеи худро дар байни элитаи қитъа мустаҳкам кардааст.