Саммити ҷашнии СҲШ дар Душанбе: Си Ҷинпин намеояд

Shared to Facebook

17 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад, ки ба 20-умин солгарди таъсиси ин Созмон бахшида шудааст.

Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа сарони кишварҳои узви СҲШ — президенти Қазоқистон Қосим -Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин ва президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарони давлатҳои нозири СҲШ — президенти Беларус Александр Лукашенко ва президенти Эрон Иброҳим Раисӣ иштирок мекунанд.

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар ҷаласа ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат меварзад.

Дар ҳамоиш инчунин Дабири кулли СҲШ Владимир Норов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок мекунанд.

Дабири кулли СММ (онлайн) ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ — ИДМ, СААД, САҲА, МҲТБО, СҲИ ва ИИАО ҳам дар ин ҷаласа иштирок хоҳанд кард.

Бино ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳинд Нарендра Модӣ, раиси Чин Си Ҷинпин ва президенти Муғулистон Уҳнаагийн Хурелсух ба тариқи онлайн ширкат мекунанд.

“Дар нишасти ҷашнӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти СҲШ дар тӯли 20 сол, вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон баррасӣ карда мешаванд. Сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор намуда, иқдомҳои муштаракро дар доираи СҲШ барои рафъи оқибатҳои бӯҳроне, ки аз пандемияи нави коронавирус ба вуҷуд омадааст, баррасӣ мекунанд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи нишасти Душанбе қарори сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи роҳандозии тартиби қабули Эрон ба ҳайси кишвари узви комилҳуқуқи СҲШ ва додани мақоми шарик оид ба муколама ба Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ қабул карда шавад.

Сарони кишварҳои узв ҳамчунин дар бораи Дабири кулли нави СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавии СҲШ қарор қабул мекунанд.

Дар поёни нишаст аввалин бор дар таърихи СҲШ гимни ин созмон садо медиҳад, ки бо ибтикори президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа шудааст.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиш Эъломияи Душанбе дар бораи 20-умин солгарди СҲШ ва тақрибан сӣ қарор қабул карда шавад.