1 май бо ташаббуси ҷониби Русия суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров баргузор гардидааст.
Дар ин суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои худро оид ба даргириҳои охир дар марз бо Қирғизистон ва тавофуқоти ҳосилшуда дар бораи эътидоли вазъ бохабар намудааст:
“Вазири корҳои хориҷии мо ҳусни нияти ҷониби Тоҷикистонро барои ҳаллуфасли масоили сарҳадӣ бо Қирғизистон танҳо тариқи гуфтушунидҳо ва пайдо намудани роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб мақбул бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар таъкид кард”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.
Сергей Лавров аз роҳандозии раванди музокироти Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин тавофуқоти тарафайн роҷеъ ба оташбас истиқбол намуд.