Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Муҳриддин зимни мулоқот бо Узви Шӯрои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кардааст.
Ин мулоқот рӯзи 11 май дар Сиан дар ҳошияи вохӯрии дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ — Чин” баргузор гардидааст.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф изҳор намудаанд:
“Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқҳои зимни суҳбати телефонии сарони Тоҷикистону Чин ҳосилшуда, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳ зоҳир гардид”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Дар ин росто ҷонибҳо ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва ғайра таъкид кардаанд.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон ҳамкориҳои судманди тарафайн дар чаҳорчӯби СММ, СҲШ, МҲТБО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ баррасӣ шудаанд.
Дар интиҳои мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2021-2022 имзо гардидааст.