19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баргузор гардид, Вазири корҳои хориҷии Арманистон А. Айвазян, Вазири корҳои хориҷии Беларус В. Макей, Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон М. Тлеубердӣ, Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Р. Казакбаев, Вазири корҳои хориҷии Русия С. Лавров ва Дабири кулли СААД С. Зас ширкат намуданд.
Қабл аз ҷаласаи мазкур вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД-ро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти ҷаласа, ки дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор гардид, ҳолат ва дурнамои таҳаввули авзои байналмилаливу минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва иҷрои самтҳои авлавиятнок, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, зоҳир гардид. Вазири корҳои хориҷӣ С.Муҳриддин қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари раисикунанда аз декабри 2020 принсипҳои дар Оинномаи Созмон муқарраршударо ба роҳбарӣ гирифта, рӯзномаи ҷории Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки ба рушди баъдии низоми амнияти дастаҷамъӣ ва суботи минтақавӣ равона шудааст, пайгирона амалӣ менамояд.
Бо дарназардошти рӯйдодҳои ҷашнии СААД дар соли 2022 – 30-юмин солгарди имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии таъсиси Созмон, вазирони корҳои хориҷӣ рафти омодагӣ ба чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои узвро дар ин робита баррасӣ карданд.
Вазирон инчунин оид ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ чанд изҳоротро қабул карданд. Аз ҷумла, изҳоротҳо доир ба 75-умин солгарди ҳукми Трибунали байналмилалии ҳарбӣ дар Нюрнберг, дар бораи тамдиди Паймон байни Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бораи чораҳои кам ва маҳдуд кардани силоҳи стратегии таҳоҷумӣ (СНВ-3), инчунин оид ба ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ қабул гардиданд.
Ҷонибҳо инчунин қарор «Оид ба чораҳои муштараки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узви Созмон роҷеъ ба таҳкими корҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти СААД» ва Нақшаи машваратҳои намояндагони вазорату идораҳои кишварҳои узви СААД оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 – нимаи аввали соли 2022-ро баррасӣ ва қабул намуданд.
Бо дарназардошти хуруҷи қарибулвуқӯи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, вазирони корҳои хориҷӣ ба вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Изҳор гардид, ки вазъи Афғонистон ба минтақаи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ таъсири мустақим дорад ва дар ин робита роҷеъ ба аҳаммияти таҳкими марзҳои ҷанубии СААД ҳамраъйӣ баён карданд. Дар ин росто, зарурати ҳамоҳангсозӣ ва қабули лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ оид ба таҳкими қитъаҳои марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмон ва бо дастгирии коршиносони Котиботи СААД таҳия шудааст, таъкид гардид.
Бино бар муроҷиати расмии ҷониби Арманистон, бо дастури Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, Президенти Тоҷикистон, дар ҷаласа вазъи баамаломада дар марзи Арманистону Озарбойҷон низ баррасӣ шуд. Иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Арманистон А.Айвазян ба ҳамтоҳои худ — аъзои Шӯрои вазирони СААД маълумоти дахлдор пешниҳод кард.
Дар ҷаласа инчунин ба ҳодисаҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ишора рафт. Вазирон бар он ақида буданд, ки ин гуна масъалаҳо бояд танҳо тавассути гуфтушунид ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳои барои ҳар ду ҷониб қобили қабул бар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ҳаллуфасл шаванд.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳ ба фаъолияти Созмон, вазирон инчунин доираи эҳтимолии кишварҳо ва созмонҳое, ки метавонанд мақоми Нозир ва Шарики СААД-ро ба даст оранд, баррасӣ намуданд. Тавофуқ ҳосил шуд, ки қабл аз ҳама номзадии давлатҳо ва созмонҳое, ки бо СААД тамосу ҳамкориҳо барқарор кардаанд, аз ҷумла ИДМ ва СҲШ, мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар рӯҳияи созанда, ки хоси кишварҳои узви Созмон мебошад, баргузор шуд. Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул ва имзо гардиданд.