Тақвими моҳи шарифи Рамазон дар соли 2026

Shared to Facebook Shared to Max

Шурои уламои Тоҷикистон эълон кард, ки имсол моҳи шарифи Рамазон 19-уми феврал оғоз шуда, то 20-уми март идома меёбад.

Ин тақвими Рамазони имсола аст, ки дар асоси маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон омода шудааст:

Тақвим мувофиқ ба шаҳри Душанбе омода шуда, вобаста ба мавқеи ҷуғрофии шаҳру ноҳияҳои кишвар вақти саҳархӯрӣ ва ифтор чунин фарқ дорад: Истаравшан — 1 дақиқа, Кӯлоб — 4 дақиқа, Ҳамадонӣ — 3 дақиқа, Хуҷанд — 3 дақиқа,  Рашт — 6 дақиқа, Конибодом — 6 дақиқа, Исфара — 7 дақиқа, Ашт — 6 дақиқа, Хоруғ — 11 дақиқа, Мурғоб — 20 дақиқа, Шамсиддин Шоҳин — 5 дақиқа ва Муъминобод — 3 дақиқа пештар аз Душанбе вақти саҳархӯрӣ ба анҷом ва замони рӯзакушоӣ фаро мерасад.

Шаҳру ноҳияҳои Панҷакент — 5 дақиқа, Шаҳритӯс — 3 дақиқа, Айнӣ — 1 дақиқа,  Носири Хусрав — 4 дақиқа ва Турсунзода — 3 дақиқа баъдтар аз Душанбе вақти саҳархӯрӣ ба поён ва замони рӯзакушоӣ фаро мерасад.