Тоҷикистону Ӯзбекистон аз роҳсозиву роҳкушоӣ гуфтанд

Shared to Facebook

28 май дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон вохӯрии намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар мулоқот масоили тавсеа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёт, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба барқарорсозии хатсайрҳои байналмилалии мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо риояи талаботи зиддиэпидемиологӣ ва сохтмони роҳи оҳан байни ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини вазири нақлиёт — Шоиста Саидмуродзода ва ҳайати Ӯзбекистонро муовини вазири нақлиёт Абдусамат Муминов роҳбарӣ кардаанд:

“Зимни вохўрӣ аз ҷониби ҳайатҳо, лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Оид ба транзити борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ӯзбекистон” ва масъалаҳои марбут ба барқарорсозии хатсайрҳои байналмилалии мусофирбарӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо риояи талаботҳои зиддиэпидемиологӣ, барқарор кардани интиқоли транзити мол тавассути роҳи оҳан дар қитъаи “Бекобод-Истиқлол-Бекобод”, лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан дар қитаи “Панҷакент (Тоҷикистон) – истгоҳи Булунғур / истгоҳи Ҷамбой /истгоҳи заводи (Ӯзбекистон)”, ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ барои мутахассисони соҳаи нақлиёти роҳи оҳани Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд”, — гуфта шудааст дар хабар.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи барқарор намудани ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ тавассути гузаргоҳи сарҳади давлатии “Патар- Андархон”-ро мавриди муҳокима қарор додаанд.

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, вобаста ба масъалаҳои муҳокимашуда протоколи дахлдор ба имзо расидааст.