Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳо барои сулҳи Афғонистонро дастгирӣ мекунад

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1 июл дар Қасри миллат роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таъмини самаранокии ҳамкорӣ дар тамоми самтҳои мубрами фаъолияти ҳарбӣ-сиёсии Созмон, аз ҷумла соҳаи мудофиа ва амният, мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Президенти Тоҷикистон таъкид доштаанд, ки ба ҳайси Раиси феълӣ, мо ба татбиқи пайгиронаи Нақшаи амали тасдиқшуда, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, инчунин ташаббусҳо ва пешниҳодҳои қаблии ҷаласаи Шӯрои Амнияти Дастҷамъии Созмон, диққати махсус медиҳем:

“Зимни мулоқот ҷиҳати мубориза бар зидди фаъолияти харобиовари нерӯҳои террористӣ, оқибатҳои экстремизм, радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷинояткорӣ, муттаҳид сохтани саъю кӯшиш ва ҳамоҳангсозии наздики амалҳои сохторҳои махсусгардонидашудаи давлатҳо барои муқовимати самарабахш ба ин хатару таҳдидҳо зарур шумурда шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, таъкид шудааст, ки дар ин замина, Тоҷикистон минбаъд низ кӯшишҳои мақомоти расмии ин кишвар, инчунин ҷомеаи ҷаҳонро оид ба оғози раванди сулҳ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ дар Афғонистон дастгирӣ хоҳад кард.

Дар фарҷоми мулоқот Президент ба кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои таъмини амният ва суботи кафолатнок дар минтақаи масъулияти Созмон барору комёбӣ орзу кардаанд.

Зимни суханронии худ Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Русия Вячеслав Володин ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёму дуруди Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро бо орзуву таманниёти нек расонда, масъалаҳои шомили рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Ассамблеяи парламентиро шарҳ додааст.