Ҳунарманди маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабов даргузашт

Shared to Facebook

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов имрӯз, 1 июл, дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт.

Сабаби марги ҳаҷвнигори маъруф гуфта нашудааст.

Ҳунарпеша, коргардони театр ва синамо ва ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабов 20 марти соли 1941 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст.

Хатмкардаи студияи маҳорати актёрии назди Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1964) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1982).

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1994).

Дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ (1998).

Бо орденҳои “Дӯстӣ” ва “Ситораи Президенти Тоҷикистон”, Грамотаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶСШ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.