Соли 2025 вобаста ба риоя нагардидани талаботи Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби судҳо 1297 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024, ки 1435 парванда буд, 138 ҳолат кам мебошад. Дар ин бора дар нишасти матбуотии Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ин парвандаҳо тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидаанд. Аз шумораи умумӣ нисбат ба 1268 ҳолат ҷазо таъин шуда, 29 парванда аз ҷониби судҳо қатъ шудааст.
Дар маҷмӯъ, соли гузашта 1268 сокини кишвар барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шудаанд. Маблағи умумии ҷаримаҳо 10 миллиону 989 ҳазору 681 сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз аз ин маблағ 7 миллиону 28 ҳазору 808 сомонӣ ситонида шудааст.
Ба гуфтаи муовини раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим Фарухулло Олимзода, дар байни ҷаримашудагон се мансабдор низ ҳастанд, ки барои нақзи қонуни танзим ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Аммо дар бораи вазифа ва ҳаҷми ҷаримаи онҳо маълумоти мушаххас пешниҳод нашуд. Тибқи меъёрҳои қонун, барои мансабдорон барои чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷарима аз 780 то 117 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Соли 2025 дар ҷумҳурӣ 112 ҳазору 946 маърака ва маросим ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли пешин 1907 адад кам мебошад.




