Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллии Қирғизистон, парванда аз рӯи таҷовуз ва қатли Руфайдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ, истирдод ва ҳабсу парвандаи ҷиноятии Иззат Амон ва дигар масоили марбут ба ҷинояту ҷинояткорӣ дар Тоҷикистонро шарҳ дод.
Ҳамлаи қирғиз ба хоки тоҷик
Таври маълум, дар натаҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи неруҳои Қирғизистон ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 28-29 апрели соли равон 19 шаҳрванд ва хизматчиёни низомии Тоҷикистон кушта шуданд:
“Ҳуҷумро кӣ сар кард ва натиҷа чӣ шуд, ба ҳамаи шумо маълум аст. Ман шахсан супориш додам, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудем. Вобаста ба куштори шаҳрвандон ва хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон аз ҷониби ҳарбиёни Қирғизистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ ҳоло идома дорад”, — гуфт Прокурори генералии Тоҷикистон.
Аввали моҳи майи имсол Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар иттилоияе гуфт, нисбат ба гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ҷузъиёти парвандаи Иззат Амон
Зимни нишасти матбуоти ҷузъиёти парвандаи Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷиронро низ шарҳ дода шуд. Шариф Қурбонзода, як намояндаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, гуфт, нисбат ба Холов Изатулло, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар бо номи Иззат Амон маъруф аст, дар солҳои 2014 — 2020 ҳудуди 12 шаҳрванд ба мақомот муроҷиат кардаанд.
Вай афзуд, ки Холов барои ҳимояи ҳуқуқӣ, бекор кардани депортатсия ва ғайра маблағ гирифта, онҳоро аз худ мекардааст. Прокуратура зарари расондаи Иззат Амонро дар 12 ҳолат, 630 ҳазор рубли русӣ ва 1 ҳазор доллари амрикоӣ эълон кард, ки ки то ҳол танҳо зарар ба як нафар дар ҳаҷми 5 ҳазор рубл барқарор шудааст.
Гуфта шуд, нисбат ба Холов моҳи марти соли равон парвандаи ҷиноятӣ барои қаллобӣ ифтитоҳ гардида, ҳоло таҳқиқи он идома дорад.
Он замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз дастгир ва ҳабс шудани Иззат Амон хабар дода буд:
“Бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои буду бош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия, Холов Изатулло Амонович, соли таваллудаш 1973, зодаи ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав аз Русия ронда шуд”, — навишта буд ВКД Тоҷикистон.
Таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Иззат Амонро Вазорати корҳои дохилӣ анҷом медиҳад. Масъулини Прокуратураи генералӣ гуфтанд, парвандаро то охири моҳ ба суд мефиристанд.
Таҷовуз ва қатли Руфайда
Прокурори генералӣ гуфт, парванда аз рӯи таҷовуз ва қатли Руфайдаи 8-сола дар ноҳияи Рӯдакиро таҳти назорати шахсӣ гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, ба ин ҳодиса сокини ҳамин ноҳия Раҳматулло Гадоев айбдор дониста шуда, айни замон дар боздошт қарор дорад.
Дар мавриди ҳамаҷониба тафтиш шудани парванда дастури раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мавҷуд буда ва парванда зери назорати “қатъии ман қарор дорад”, изҳор дошт ӯ.
Юсуф Раҳмон гуфт, ин ҷиноят 4 июл дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дода, гуруҳи фаврӣ — тафтишотӣ худи ҳамон рӯз Гадоевро дастгир кард.
Руфайда Иноятоваи 8-сола рӯзи 4-уми июл нопадид шуд ва як рӯз пас ҷасадашро аз дохили ҳоҷатхонаи ҳамсоя пайдо карданд.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба дастгиршуда тибқи моддаҳои 138 (таҷовуз ба номус) ва 104 (куштор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Ин моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон то ҳабси якумраро пешбинӣ мекунанд.
Ба иттилоъи мақомот, рӯзҳои наздик парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдоркунӣ ба суд фиристода мешавад.
477 млн. сомонӣ зарар барқарор шуд
Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин маълумот дода шуд, ки ба мақомот 23460 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ ворид гардида, аз натиҷаи баррасии онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 1684 шаҳрвандон барқарор карда шуданд:
“Дар маҷмӯъ, мақомоти прокуратура вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо 3904 санҷишҳо гузаронида, аз натиҷаи онҳо 51765 санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул намуда, ба маблағи 477 млн. сомонӣ зарари аз қонунвайронкуниҳо расонидашуда барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 120 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин 2322 cap чорво дар асл барқарор карда, бештар аз 8928 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида, 2299 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд, ки аз онҳо 638 ададашон дар бораи кирдорҳои коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидошта мебошанд”, — гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.