Сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 октябр барои анҷом додани сафари корӣ ба Подшоҳии Белгия сафар карданд.

Тибқи маълумоти Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар ин сафар Президентро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, Президенти Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Белгия мулоқот кунанд. Ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати кишвар хабар додааст, ки мавзӯи асосии музокироти Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо мушкилоти Афғонистон хоҳад буд.

Аз ҷумла, интизор меравад, ки таҳдидҳо ва чолишҳои баваҷудомада ба ҳамсояҳо, расонидани кӯмаки башардӯстонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мардуми Афғонистон, ки бо бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ рӯбарӯ ҳастанд, баррасӣ шавад, хабар медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, 13-уми октябр сафари Президенти Тоҷикистон ба Фаронса ва мулоқот бо Президенти он кишвар Эманнуэл Макрон пешбинӣ шудааст.