Мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона тими Арабистони Саудиро шикаст дод

Shared to Facebook Shared to Max

Дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбола таҳти роҳбарии Далер Каёсов дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Дубай аввалин бозии дӯстона анҷом дод, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

13 январ наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ бозӣ карданд. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Ғолиби рақобат дар силсилаи забарҳои ёздаметра муайян карда шуд, ки дар он дастаи наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бо ҳисоби 10:9 бартариро соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон бозии навбатии дӯстонаро 16 январ дар шаҳри Дубай бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб доир мекунад.

АКС:Федератсияи футболи Тоҷикистон