16 июл дар Тошканд дар ҳошияи Конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: пайвастшавии минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Италия Манлио ди Стефано мулоқот кардааст:
“Ҷонибҳо ба рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, масъалаҳои таҳкими амнияту суботи минтақавӣ ва муборизаи муштарак бо ҳамагири COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор доданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Ҳамсуҳбатон аҳаммияти баргузории чорабиниҳои банақшагирифташудаи дуҷониба дар сатҳи олӣ ва баланд, инчунин тавсеаи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро таъкид кардаанд.