Футбол: Доварони Тоҷикистон дар Бозиҳои 33-юми Осиёи Ҷанубу Шарқӣ

Shared to Facebook

Конфедератсияи футболи Осиё чор довари Тоҷикистонро барои доварӣ дар мусобиқаҳои футбол ва футзали 33-юмин Бозиҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар Таиланд даъват кардааст, хабар додааст ФФТ.

Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов бозиҳои гурӯҳи «С»-и мусобиқаи футболро, ки дар он Индонезия, Мянмар ва Филиппин иштирок мекунанд, ҳакамӣ мекунанд.

Ёвари довари ФИФА аз Тоҷикистон Дилшода Раҳмонова дар мусобиқаи занонаи Бозиҳо кор мекунад.

Ғайр аз ин, довари ФИФА Суҳроб Сатторов мусобиқаи футзалро дар Таиланд ҳакамӣ мекунад.

▶️Федерация футбола Таджикистана