Сомонаи Президенти Балерус Александр Лукашенко бархе ҷузъиёти суҳбати телефонии вай бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи гузашта доир гардид, нашр кард. Дар бораи ҷузъиёти ин суҳбати телефонӣ Лукашенко зимни мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод изҳор доштааст:
“Худи ҳоло бо Президенти шумо суҳбат доштам. Давоми ним соат, ҳамчун дӯсти наздик, ӯ дар бораи вазъ дар Афғонистон нақл кард. Зимнан, бисёр маълумоти нав гирифтам, ки дар воситаҳои ахбори омма нашунидаам ва надидаам. Вазъияти хеле ҷиддӣ ва муташанниҷ. Ман аз ӯ хеле миннатдорам, зеро ӯ ба ман ҳама чизеро, ки дар он ҷо рӯй медиҳад, ошкоро нақл кард. Имрӯз барои мо кор бо Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳо хеле муҳим аст”, — гуфтааст Президенти Беларус ба Сафири Тоҷикистон.
Вай ҳамчунин дар бораи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон гуфтааст:
“Сарҳадро таҳким бахшидан лозим аст, вазъият дар сарҳад мураккаб аст. Дар замони Шӯравӣ ҳам мушкил буд. Ҳоло мушкилтар гардидааст”, — таъкид кардааст Лукашенко.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи ин мушкилот ба дӯши мардуми тоҷик ва Тоҷикистон афтодааст:
“Медонам, ки шумораи кофии нафаронеро, ки сарҳадро ҳимоя мекунанд, доред. Бароятон восита ва аслиҳаи муосир лозим аст”, — изҳор доштааст Президенти Беларус.
Вай афзудааст, зимни суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон рушди мавзеъгирии муштарак, ҳамоҳангсозии мавқеъ дар бораи Афғонистон тавассути СААД — СҲШ баррасӣ шуд:
“Мо ҳамаи инҳоро ба дӯши Эмомалӣ Шарифович зимни мулоқот дар Душанбе дар миёнаҳои моҳи сентябр гузоштем”, — гуфтааст Президенти Беларус.
Александр Лукашенко ба сафир муроҷиат намуда, иброз доштааст, ки мулоқот бо ӯ дар остонаи сафараш ба Тоҷикистон муҳим аст:
“Аз ҳар ҷиҳат, шумоён нисбат ба ҳамаи ҷумҳуриҳои дигар ва ҳатто давлатҳои ҷаҳон маълумоти бештар доред. Ман комилан мутмаинам. Шумоён ҳатто нисбат ба Иёлоти Муттаҳида, ки бевосита дар он ҷо кор мекунанд, маълумоти бештар доред”, — афзудааст ӯ.
Ба таъкиди Лукашенко, шояд гуфтан мумкин аст, Президенти Тоҷикистон дар тӯли даҳсолаҳост аз рушди бениҳоят хатарноки вазъ дар Афғонистон ҳушдор медод:
“Мо ҳамаашро гӯш кардем, фаҳмидем (дар ҳамаи гӯшаҳои олам вазъ нотинҷ аст) ва эҳтимол онро ҳамчун як ҳодисаи оддӣ қабул кардем. Ҳоло маълум гашт, ки ӯ то чӣ андоза ҳақ будааст!”.
“Бо назардошти ин, мо имрӯз бо Владимир Владимирович Путин ҳам суҳбат кардем, мехоҳам бо Мирзиёев низ дар бораи вазъ дар он минтақа суҳбат кунам, то ки пеш аз ҷаласаи СААД тасаввуроти возеҳ пайдо кунам. Хама ба пешниҳоди ман дар бораи гузаронидани машваратҳо дар доираи СААД — СҲШ розӣ шуданд. Ҳамаи ин дар Душанбе баргузор мешавад — раҳбарон дар он ҷо хоҳанд буд. Ва барои мо муҳим аст бубинем, ки СҲШ дар кадом мавқеъ қарор хоҳад гирифт”, — изҳор доштааст Лукашенко.