Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов ба Президенти он кишвар Раҷаб Тайиб Эрдуғон эътимодномаи худро супоридааст.
Дар маросими супоридани эътимоднома, ки 1 сентябр баргузор гардид, Сафири Тоҷикистон таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон расонидааст.
Дар суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.