Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ

Shared to Facebook

28 ноябри соли 2025 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи 29-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҷонибдори таъсиси як шабакаи муосир «ҳушманд» ва аз ҷиҳати экологӣ устувори нақлиётӣ аст, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Ғарбиро мепайвандад.

Вазири корҳои хориҷии кишвар нақши боризи Тоҷикистонро дар таҳия, пешбарӣ ва татбиқи ташаббусҳои глобалии соҳаи об қайд намуда, кишварҳои узви СҲИ-ро ба Конфронси чаҳоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки моҳи майи 2026 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

Ҷонибҳо маҷмуи ҳамкориҳо дар доираи созмон ва роҳҳои таҳкими онҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.