2 сентябр дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими якуми ба имзорасонии лоиҳаҳои нав ба маблағи 6000000 сомонӣ баргузор гардид, ки барои сохтмони мактабҳо пешбинӣ шудаанд.
Зимни маросим Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки иброз намуд, ки “ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шарафмандем, ки ҳама якҷоя 10 созишномаи грантиро барои сохтмони мактабҳо дар ноҳияҳои дахлдор ба имзо мерасонем”.
Ба гуфтаи ӯ, санадҳои боқимонда имрӯз, 6 сентябр, ба имзо мерасанд.
Созишномаҳои грантӣ байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва намояндагони мақомоти пазирандаи кумакҳо ба имзо расиданд, ки маблағи умумии ин лоиҳаҳо дар чаҳорчӯби кумакҳои бебозгашти Ҳукумати Ҷопон 536980 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, Зикр карда шуд, ки шаш лоиҳаи нав дар чаҳорчӯби Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) маблағгузорӣ мешаванд.
Аз ҷумла, “Лоиҳаи сохтмони мактаби № 19 дар деҳаи Чормағзак, ҷамоати қади об, шаҳри Роғун” ба маблағи 90347доллари ИМА бо Раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода ба имзо расонида шуда, бо Раиси ноҳияи Левакант Зарина Давлатзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби №6 дар дехаи Боҳтуробод, ҷамоати Гулистон ноҳияи Левакант” ба маблағи 90273 доллари ИМА имзо гардид.
Ҳамзамон Раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби №41 дар деҳаи Гулистон, ҷамоати Сабо, ноҳияи Шаҳринав” ба маблағи 90622 доллари ИМА, Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода “Лоиҳаи сохтмони мактаби № 56 дар деҳаи Кулҷиҷай, ҷамоати Ағба, ноҳияи Лахш” ба маблағи 92579 доллари ИМА, Раиси ноҳияи Ховалинг Муҳтади Маҷидӣ “Лоиҳаи сохтмони мактаби нав дар дехаи Бағлисой, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86718 доллари ИМА ва “Лоиҳаи сохтмони мактаби нав дар дехаи Буғдояк, ҷамоати Лоҳути, ноҳияи Ховалинг” ба маблағи 86441 доллари ИМА-ро ба имзо расониданд.
Ба гуфтаи Сафир, бахши маориф яке аз афзалияти равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон мебошад:
“Ман хеле шодам, ки мо метавонем қарордодҳои дахлдорро пеш аз ҷашни Истиқлолият — 9 сентябр, ба имзо расонем. Барои чен кардани таъсири таълим вақт лозим аст, аммо ман боварӣ дорам, ки ин сармоягузорӣ дар соҳаи маориф ба зудӣ дар рушди миллии Тоҷикистон самараи калон меорад”, — иброз кард Мияшита Такаюки.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳукумати Ҷопон нияти идома додани дастгирӣ барои сохтани ҷомеаи беҳтар барои ҳамаро дорад ва кӯшиш менамояд, ки бо мардуми Тоҷикистон якҷоя фаъолият кунад.