Тоҷикистону Британияи Кабир ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 3 сентябр бо вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Тариқ Аҳмад Уимблдонӣ мулоқот кард.

Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир дар самтҳои мухталиф, мушорикат дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла иқдомҳои муштарак дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин тадорукот ба Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим COP26, ки моҳи ноябри 2021 дар Глазгои Британияи Кабир баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:

“Ҳамзамон ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ изҳори омодагӣ карданд”,-омадааст дар хабар.