Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 13 сентябр суҳбати телефонӣ анҷом доданд:
“Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву техникӣ ва дигар ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Сарони ду давлат инчунин масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ кардаанд. Дар ин замина масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баррасӣ гардидаанд:
“Президентҳо оид ба вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон муфассал мубодилаи афкор намуда, ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд”.
Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии минбаъдаи талошҳо дар масоили вобаста ба Афғонистон ва идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун ба мувофиқа расидаанд.