Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Қазоқистон доир мегарданд

Shared to Facebook

Аз 28 то 30 октябр дар Кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои синамои Қазоқистон 28 октябр, соати 17:00 баргузор шуда, нахуст филми драмаи ҳарбии «Вақти ватанпарварон» (Время патриотов) таҳти коргардонии Серикбол Утепбергенов намоиш дода мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, вуруд ба намоишҳо озод буда, хоҳишмандон метавонанд ба олами фарҳанги синамоии ин кишвари дӯсту ҳамсоя ошно шаванд.

Ёдовар мешавем, ки имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон доир карда мешаванд. Ин тадбир ба рушди минбаъдаи робитаю ҳамкории судманди синамогарони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.