Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ

Shared to Facebook

14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест — 2025” бо як қатор шахсиятҳои баландпояи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дӯст мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо хонум Татяна Молчан масъалаҳои муҳими рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва татбиқи “Раванди Душанбе оид ба об” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон омодааст ҳамкориро бо Комиссия дар бахшҳои нақлиёт, логистика ва рақамисозии омор густариш диҳад.

Дар мулоқот бо Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизода рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши гардиши мол муҳокима гардид.

Президенти кишвар инчунин бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳ мулоқот намуда, ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Ҳамчунин, дар мулоқот бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайид, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим, рушди алоқаи ҳавоӣ ва омӯзиши таҷрибаи Қатар дар низоми бонкдории исломӣ муҳокима гардиданд.

Мулоқотҳо дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

Шарҳи бештар дар: https://www.president.tj