Таърихи мухтасари бонк бо номи қаҳрамони тоҷик Спитамен:
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияти худро соли 2008 ҳамчун ташкилоти амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) оғоз кардааст.
Ташкилот дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун шарики боэътимоди молиявӣ обрӯ пайдо кард ва ба шарофати ҳамкориҳои дастаҷамъона ва рушди устувори худ «Спитамен Капитал» соли 2014 иҷозатномаи фаъолияти бонкиро аз Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифт.
Таҷрибаи ғании бонк, рушди устувор, эътимод ба худ ва садоқат ба мизоҷонаш онро ба яке аз муассисаҳои молиявии муваффақ ва боэътимод табдил додааст.
Сирри муваффақияти бонк оддӣ аст: эҷоди муносибатҳои дарозмуддат, дар асоси шарикӣ ва мутақобилан судманд бо мизоҷон.
Бонк аз рӯзҳои аввали фаъолияташ кӯшиш ба харҷ дод, ки технологияҳои нави иттилоотиро барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон татбиқ намояд.
Ҳамин тариқ, дар оғози соли 2015 Спитамен Бонк ба системаи автоматикунонидашудаи бонкии Oracle FlexCube пайваст шуд, ки яке аз системаҳои боэътимоди ҷаҳон маҳсуб мешавад. Oracle FlexCube ба бонк имкон дод, ки вақти хидматрасониро ба таври қобили мулоҳиза кам кунад ва сифатро беҳтар кунад, маҳсулотро барои қонеъ кардани интизориҳои муштарӣ зудтар татбиқ ё тағйир диҳад ва муҳити ягонаи истеҳсолиро барои бонкдории корпоративӣ, чакана ва сармоягузорӣ бо истифода аз меъмории модулии фасеҳ ва миқёспазир таъмин намояд.
Имрӯз бонк дар саросари кишвар 24 филиал ва 61 маркази бонкӣ дорад. Дар бонк зиёда аз 1000 нафар мутахассисон кор мекунанд. Маҳсулот ва хидматҳои пешниҳодкардаи бонк ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.
Яке аз ҳадафҳои асосии бонк ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва маҳсулоти инноватсионӣ мебошад, ки ҳамаи муштариён метавонанд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти худ аз хизматрасониҳои бонкӣ ба осонӣ ва бароҳат истифода баранд.
➡️Спитамен Бонк