Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия ҳолати кунунӣ ва дурнамои шарикии Тоҷикистон бо ин созмони байналмилалӣ баррасӣ шудааст.
Ин мулоқот имрӯз, 12 октябр, дар шаҳри Брюссел, дар ҷараёни сафари Президенти Тоҷикистон ба Белгия баргузор гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид намудаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ислоҳотро дар ҳама бахшҳои тиҷорату иқтисод амалӣ гардонида истодааст ва дар ин раванд ба такмили бомароми фаъолияти гумрукӣ низ таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мегардад.
Изҳори итминон карда шудааст, ки натиҷаи ин вохӯрӣ қадами наве дар роҳи таҳкиму тавсеаи робитаҳои самарабахши дуҷониба хоҳад шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мукаммалгардонии маъмурияти гумрук, низоми иттилоотии автоматикунонидашудаи он бо технологияҳои муосир, таҷдиди зерсохтори гумрук ва рушди иқтидори захираҳои инсониро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муҳокима кардаанд. Дар ин зимн фаъол кардани ҳамкории судманд бо Созмони ҷаҳонии гумрук барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони ниҳоди гумрукии Тоҷикистон зарур шумурда шудааст.
Дар мулоқот амалисозии санадҳои қабулшуда дар доираи Созмон, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ оид ба соддагардонӣ ва ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии Киото (соли 1973), Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо (соли 2013) ва мутобиқ намудани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Конвенсия ва Созишномаи зикршуда баррасӣ карда шудаанд.
Қайд гардидааст, ки Тоҷикистон соли 2018 меъёрҳои боҷҳои гумрукии воридотӣ мутобиқ ба стандартҳои Созмони ҷаҳонии савдоро қабул намуд.
Имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ мусоидат менамоянд. Онҳо инчунин ба афзун гардидани ҳаҷми истеҳсоли молҳои ватанӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ замина гузоштаанд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи такмили қонунгузорӣ дар арсаи тиҷорату иқтисод ва амалисозии сиёсати давлатии дастгирии содирот низ муҳокима гардид.
Изҳори итминон карда шудааст, ки гузариши пурра ба стандартҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии гумрук таҳия ва пешниҳод мешаванд, ба зиёд гардидани гардиши тиҷорат ва қисми воридотии буҷаи давлат, инчунин рушди муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва минтақа саҳми арзанда хоҳанд гузошт.