13 октябр дар Осорхонаи Гимейи Фаронса Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ шуд.
Дар маросими кушодашавии Намоишгоҳ президентҳои Тоҷикистону Фаронса Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон иштирок карданд.
Гуфта шуд, ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.
Зимнан, робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд. Дар робита ба ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Фаронса Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани Намоишгоҳи мазкур арзи сипос намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин рӯйдод ба роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат мекунад.
Сарони давлатҳо дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо нигораҳои нодир шинос шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Гуфта шуд, тоҷикон миллати тамаддунофар буда, дар таърихи умуми инсоният ҷойи сазовор доранд. Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки осори фарҳангиву ҳунармандии қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб мебошанд.
Мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.
Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.
Барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.
Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод — “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.
Хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошташуда аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ёфт гардидаанд.
То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар Аврупо ба ҷаҳони Fарб пешкаш мегардад.