Ҳамкориҳо, коронавирус, Афғонистон… Тоҷикистону Фаронса дар мулоқоти сатҳи баланд ҳамин мавзӯъҳоро баррасӣ карданд

Shared to Facebook

Президентҳои Тоҷикистону Фаронса Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон дар мулоқоти рӯзи 13 октябр масоили вобаста ба ҳамкориҳои байни ду кишвар, пандемияи коронавирус, вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 октябр бо сафари расмӣ ба Фаронса рафтанд. Маросими истиқболи расмӣ дар назди Қасри Елисей оғоз гардида, Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Фаронса Эммануэл Макрон пешвоз гирифт.

Масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо баррасӣ шуда, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Зимни мулоқот ҳамкории самарабахши машваратҳои сиёсии байниидоравӣ, тавсеаи ҳамкории бештар дар бахшҳои мухталифи энергетика, металлургия, саноати сабук ва химия, мошинсозӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданокро баррасӣ карда, онҳоро самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар номида шудааст.

Имконоти васеи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёти логистикӣ, телекоммуникатсонию электронӣ, кишоварзӣ ва рушди инфрасохтори туризм низ муҳокима карда шудааст.

Зимни  баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ инчунин ба ҳалли мушкилот вобаста ба пандемияи коронавирус, ки ба рушди муносибатҳои ҳамкорӣ таъсири манфӣ расонид, таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст:

“Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории сармоягузорӣ самти муҳими робитаҳои ду кишвар номида шуд. Таъкид гардид, ки ҳар ду кишвар имкониятҳои фарохи афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва фаъолгардонии сармоягузориро доранд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтор ва саноат, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳавасманд аст”, — гузориш дод Хадамоти матбуотии Сарвари давлат.

Ба иштироки фаъоли ҷониби Фаронса дар азнавсозии инфрасохтори фурудгоҳ ва аэронавигатсия, рушди бахши энергетика, хатҳои интиқоли барқ, соҳаи тандурустӣ ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатдор баҳои баланд дода шудааст.

Дар ин зимн ҳамчунин ба иштироки ҷониби Фаронса дар амалисозии ислоҳот ва мукаммалсозии системаи бонкӣ ва молиявии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.

Таъкид шудааст, ки ифтитоҳи намояндагии Агентии Фаронса оид ба рушд дар Тоҷикистон метавонад барои ҳамкории васеъ ва татбиқи босамари ҳадафҳои рушд мусоидат намояд.

Фаъолгардонии Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ва Ассотсиатсияи ширкатҳои МЕДЕФИ Фаронса аз имконоти дигари ҷоннок кардани ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод муҳим номида шудааст.

Аз омодасозии Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо барои давраи то соли 2026 изҳори қаноатмандӣ карда шудааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили густариши муносибатҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла таъмини омӯзгорони забони фаронсавӣ барои мактабҳои Тоҷикистон, ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои Фаронса дар кишвари мо, ҷудо кардани квотаҳо ба донишҷуён барои илмҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, фанҳои дақиқ ва муҳандисӣ, сайёҳӣ, идора ва сиёсатшиносӣ, баррасӣ карда шудааст.

Дар мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ дар минтақа ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва гуманитарӣ дар Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори Тоҷикистон оид ба ҳалли қазияи Афғонистон андешаронӣ карда, таъкид доштаанд, ки таъмини амнияти ин ҳамсоякишвар омили муҳими суботи миллӣ ва тамоми минтақаро ташкил медиҳад.

Зарур шумурда шудааст, ки барои ҳалли мушкилоти сиёсӣ ва гуманитарӣ дар ин кишвар ҷомеаи ҷаҳон, давлатҳо ва созмонҳои бонуфуз аз қабили Созмони Милали Муттаҳид бояд бетараф набошанд.

Дар охири мулоқоту музокироти сатҳи олӣ Президенти Тоҷикистон аз Президенти Фаронса даъват ба амал овардаанд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварад.