Ташкили 55 парвози иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон. Феҳристи пурраи парвозҳо нашр шуд

Shared to Facebook

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ оид ба пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 қарор қабул намудааст, ки аз 16 то 31 август 55 парвози чартерии иловагӣ аз Русия ба Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ба маълумоти манбаъ, парвозҳои чартерӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Қазон, Краснодар ва Сургут ба Душанбе дар мувофиқа бо ҷониби Русия анҷом дода мешаванд:

“Рӯйхати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил кардан ба парвозҳои чартерӣ аз ҷониби комиссияҳои махсус, ки дар назди Сафорат дар Москва ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия фаъолият мекунанд, тартиб дода мешаванд. Ҳамзамон, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазири шаҳрвандон, пеш аз ҳама, беморон, занони дорои кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки қаблан ба Русия бо сафари хизматӣ рафтаанд, дода мешавад”, — таъкид шудааст дар иттилоияи ВКХ.

Ҳамватанон метавонанд дархостҳои худро барои бозгашт ба Ватан ба таври электронӣ ба суроғаи charter-russia@mfa.tj барои баррасии минбаъдаи комиссияҳои зикршуда фиристанд.

Таъкид шудааст, ки тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиши усули занҷири реаксияи полимераз (PCR) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд:

“Ҳангоми ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумотномаи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19), шаҳрвандони кишвар аз санҷиши ҳатмӣ ва карантин озод карда мешаванд”, — таъкид кардааст ВКХ.

Ҳамзамон ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ феҳристи пурраи парвозҳои мазкурро нашр кард, ки чунинанд:

— 16 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 16 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 16 августи соли 2020, Новосибирск-Душанбе (Somon Air);

— 17 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 17 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 17 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 17 августи соли 2020, Қазон-Душанбе (Somon Air);

— 18 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 18 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 19 августи соли 2020, Сургут-Душанбе (Somon Air);

— 19 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 19 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 19 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе, (Somon Air);

— 20 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);

— 20 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 20 августи соли 2020, Екатеринбург- Душанбе (Somon Air);

— 20 августи соли 2020, Новосибирск -Душанбе (Somon Air);

— 21 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 21 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 21 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 21 августи соли 2020, Краснодар-Душанбе (Somon Air);

— 22 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 22 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 23 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 23 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 23 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 24 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);

— 24 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 24 августи соли 2020, Новосибирск-Душанбе (Somon Air);

— 24 августи соли 2020, Қазон-Душанбе (Somon Air);

— 25 августи соли 2020, Сургут-Душанбе (Somon Air);

— 25 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 25 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 25 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 26 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 26 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 26 августи соли 2020, Краснодар-Душанбе (Somon Air);

— 27 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);

— 27 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 27 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 27 августи соли 2020, Екатеринбург-Душанбе (Somon Air);

— 28 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 28 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 28 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 29 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 29 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 29 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air);

— 30 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Tаjik Air);

— 30 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 30 августи соли 2020, Екатеринбург-Душанбе (Somon Air);

— 30 августи соли 2020, Новосибирск-Душанбе (Somon Air);

— 31 августи соли 2020, Сургут-Душанбе (Somon Air);

— 31 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 31 августи соли 2020, Москва-Душанбе (Somon Air);

— 31 августи соли 2020, Санкт-Петербург-Душанбе (Somon Air).