Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 октябр бо мақсади шиносоӣ бо рӯзгори мардум, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ, дидору мулоқот бо намояндагону фаъолон ва қишрҳои гуногуни аҳолӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Сарвари давлат нахуст дар шаҳри Бохтар Маркази перинаталии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бо тарҳи зебову замонавӣ дар назди Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов бунёд гардидааст.
Маркази мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.
Президент бо мақсади боз ҳам беҳтару хубтар расонидани ёрии босифати тиббӣ ба беморон ба Маркази перинаталии вилояти Хатлон як автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карданд.
Дар идома дар маҳаллаи Зархези шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Макбати хусусии инноватсионӣ” ба истифода дода шуд. Муассисаи мазкур аз ҷониби оилаи Назризодаҳо барои 480 хонанда дар як баст бунёд гардида, раванди таълим дар он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар муассисаи нави таълимӣ 300 нафар хонанда дар се зина ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Президент ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрату шоистаи таҳсин арзёбӣ карданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат барои бунёди муассисаи таълимии томактабӣ барои 200 нафар тарбиятгиранда санги асос гузоштанд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар шаҳри Бохтар бинои нави мактаби рақами 16 ифтитоҳ ёфт, ки бо маблағгузории ширкати чинии “Синохидро Тоҷикистон” бо харҷи зиёда аз 10 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст.
Мактаби мазкур барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар идома Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи мебелсозии ҶДММ “Акобир”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Нуралӣ Бекназаров бо харҷи қариб 3 миллион сомонӣ сохта шуда, дар ин ҷо асосан номгӯи зиёди мебел, аз қабили мизу курсиҳо барои хона ва муассисаҳои таълимӣ, мебел барои коргоҳу ошхона ва маҷмӯи мебел барои манзилҳои истиқоматӣ истеҳсол карда мешавад.
Иқтидори солонаи коргоҳ коркарди зиёда аз 15 ҳазор тахтаи махсус, ба монанди ДСП, МДФ, ДВП ва истеҳсоли 600 маҷмӯи мебели гуногуни мулоим мебошад.
Ҳамчунин, дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар коргоҳи истеҳсоли мебел ва сардхонаи ҶДММ “Баракати Истиқлол” ба истифода супорида шуд, ки аз ҷониби соҳибкор Анваршоҳ Шодмонзода бунёд карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бештар намудани теъдоди чунин сардхонаҳо дар ҳудуди шаҳри Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон масъулонро вазифадор намуданд.
Рӯзи 27 октябр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Фармоишгари бино Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон буда, он дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.
Ҳамчунин, Сарвари давлат рӯзи 27 октябр дар шаҳри Бохтар бинои нави Маркази тибби Хатлонро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷониби оилаи Назаровҳо сохта шудааст.
Маркази мазкур дорои шуъбаи дармонгоҳӣ, ҳуҷраҳои ташхиси ултрасадоии қалб, ҳуҷраи қабул, гиёҳдармонӣ, озмоишгоҳи клиникиву биохимиявӣ, осебшиносӣ, ҳуҷраи хатна, китобхона барои бозомӯзии табибон, эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, беморони амрози даруна ва ғайра мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази тибби Хатлон дорои 40 кат буда, дар як рӯз имкони қабули бештар аз 60 нафар беморро дорад.
Дар идомаи сафари корӣ рӯзи 27 октябр Президент дар ноҳияи Вахш бинои Гурӯҳи “Тоҷикобод”-и Шуъбаи ноҳияи Вахши Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ифтитоҳ карданд.
Зимни суҳбат бо кормандон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.
Дар ҳамин ҷо Президент ба се оилаи хизматчиён калиди хонаҳои истиқоматӣ тақдим намуданд.
Баъди ба истифода супоридани иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Вахш рӯзи 27 октябр Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Нахуст бинои мактаби рақами 15 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки барои дар ду баст 640 хонанда сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ бо имкониятҳои муассисаи нави таълимӣ кормандони соҳаи илму маорифро барои дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани ҷавонон ҳидоят карда, онҳоро вазифадор намуданд, ки барои ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва илмҳои дақиқ аз ҳарвақта дида масъулиятшинос бошанд.
Ҳамчунин, рӯзи 27 октябр дар шаҳри Левакант бинои Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати кимиё” пас аз таъмиру навсозӣ ба истифода супорида шуд.
Муассисаи мазкур соли 1964 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 40 ташкил шуда, соли 2006 ба Литсейи касбии саноати кимиё табдил дода шуд. Бо гузашти солҳои тӯлонӣ ва хароб гаштани бино зарурати таъмир ва навсозӣ ба миëн омад.
Дар доираи корҳои ободонӣ дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ҳамзамон осорхона таъсис дода шудааст, ки таърихи таъсисëбии литсейи мазкур, таҳсилу фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, синфхонаи даврони таҳсил дар литсейи мазкур, китобхона ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро дар бар мегирад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1969-1971 дар ин муассиса дар гуруҳи рақами 10 бо ихтисоси “Челонгари барқии асбобҳои андозагирӣ-санҷишӣ ва автоматика” таҳсил карда, онро бо муваффақият хатм намудаанд.
Дар идомаи боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант бо ҷараëни корҳои сохтмони бинои филиали Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмат шинос шуданд. Филиали мазкур 30 июли имсол дар заминаи Литсейи касбии саноати кимиëи шаҳри Левакант таъсис дода шудааст.
Президент масъулонро вазифадор намуданд, ки иншоотро тибқи лоиҳа бо сифати баланд сохта ба истифода дода, барои ба талаботи бозори меҳнат омода кардани мутахассисони ҷавон аз имкониятҳои фароҳамгашта мақсаднок истифода баранд.
Ҳамчунин, рӯзи 27 октябр Президент дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат”-и шаҳри Левакантро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур аз ҷониби сокини вилояти Хатлон Фатҳулло Соҳибов сохта шудааст.
Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкор баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.