Рӯзи 28 октябр Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.
Сарвари давлат дар ин ноҳия нахуст варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бунёд гардидааст.
Дар идома дар ноҳияи Дӯстӣ майдони Парчами давлатӣ ба истифода дода шуд. Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метр мебошад.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта Боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Дӯстӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
28 октябр Қасри фарҳангии ноҳияи Дӯстӣ баъди азнавсозӣ бо иштироки Президент дар вазъияти тантанавӣ расман ба истифода супорида шуд.
Корҳои азнавсозӣ дар Қасри фарҳанг соли 2020 оғоз гардида буд.
Президент ба шароити корӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Дӯстӣ баҳои баланд доданд.
Рӯзи гузашта Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамчунин бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо зикри он ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.
Дар идома дар маркази ноҳияи Дӯстӣ бинои маъмурии сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Бино барои кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, филиали Муассисаи Давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ва Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Дӯстӣ бунёд шудааст.
Президент ба сохтмончиён барои босифат бунёд намудани иншоот изҳори сипос карда, кормандони соҳаро ба истифодаи самараноки имконият ҳидоят намуданд.
28 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар деҳоти Ҷиликӯли ноҳияи Дӯстӣ бо фаъолияти аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд.
Дар хоҷагии мазкур Президент ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Баъди анҷоми сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ташриф оварда, бо ҷараёни парвариш ва дарави шолӣ аз кишти такрорӣ шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки хоҷагии мазкур аз соли 2010 дар баробари дигар бахшҳо ҳамчунин ба шолипарварӣ машғул буда, имсол майдони кишти шолиро ба 13 гектар расонидааст.
Хоҷагии мазкур имсол ду навъи биринҷ “Ҷашнвора” ва “Сурхи мӯякдор”-ро ба харидорон пешниҳод менамояд.
Гуфта шуд, ғайр аз шолипарварӣ ҳамчунин Хоҷагии деҳқонии “Кӯҳи сурх” ба парвариши гандум, пахта, маккаи тухмӣ, полезӣ ва сабзавот машғул мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид рушди соҳаи кишоварзиро омили асосии таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти арзону хушсифат маънидод карда, кишоварзонро вазифадор намуданд, ки ҳар порча заминро самаранок истифода баранд ва ба ин васила саҳми худро дар таъмини фаровониву арзонии бозорҳои мамлакат гузоранд.
Дар идома дар шаҳраки Балхӣ бинои нави Осорхонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ шуд.
Дар осорхонаи ноҳиявӣ беш аз 3500 нигораи таърихӣ нигоҳ дошта мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки аксарияти нигораҳо аз гӯшаву канори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ёфт гардидаанд. Нигораҳо давраҳои гуногуни таърихи миллати тоҷик, шурӯъ аз асри 6-и пеш аз мелод то замони навро дар бар мегирад. Мероси таърихии Кофирқалъа ё Ҳалевард, ки мансуби асри 6-7 то мелод аст, зиннатбахш ва василаи ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба осорхонаи тозабунёди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад.
Дар натиҷаи ковишҳои археологӣ исбот шудааст, ки Ҳалевард то солҳои 740 мелодӣ дар масоҳати 13,5 гектар замин ҷойгир буда, дарозӣ ва паҳноии он 460 метрро ташкил медод.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони осорхона дастур доданд, ки паҳлуҳои норшани мероси фарҳангиву таърихии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди омӯзиш қарор дода, ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Нигораҳои ҷолиби дигаре, ки дар осорхона гузошта шудааст, ин скалатитҳои дорои таърихи 3 миллион сол, сарнайзаҳои асрҳои ибтидоӣ, гӯшаи табиат бо хӯсаҳои ҳайвоноти нодири шомили Китоби сурх, кӯзаҳои асри биринҷӣ, кӯзаҳои замони Кӯшониён, намунаҳои заргарӣ, диарамаҳои табиат ва даҳҳо осори бостонии миллат тоҷик мебошад.
Пешвои миллат дастур доданд, ки барои фаъолияти минбаъдаи осорхона роҳбаладони забондону касбӣ ба кор ҷалб гарданд, то ҳар як нигораи таърихӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ дақиқ ва ҳамаҷониба муаррифӣ карда шавад. Зеро осорхона маконест, ки ба воситаи ёдгориҳои қадима метавонад ба тамошобин таъсир гузошта, шахсро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба осори антиқӣ, зебоипарастӣ ва дарки олами нафосат тарбия намояд.
Дар идома Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хати оби нӯшокӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” бунёд гардидааст.
Дар ин ҷо ба Сарвари давлат ҷараёни татбиқи Лоиҳаи “Барқароркунии системаи обтаъминкунии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ” муаррифӣ гардид. Ин лоиҳа аз тарафи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо БАТР ба маблағи 5,9 миллион доллар амалӣ карда шудааст.
Дар пайи татбиқи лоиҳа наздик ба 5000 хоҷагии шаҳраки Балх, ё тақрибан 20 ҳазор нафар бо оби тозаи нӯшокӣ шабонарӯзӣ таъмин шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки масъалаи дастрасии пурраи аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ аз ҳадафҳои аслии роҳбарияти давлату Ҳукумат маҳсуб ёфта, ин раванд дар мамлакат тавассути татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои ҷумҳуриявӣ марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо ятимони кулл дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Аз ҷониби Президент ба 150 нафар ятими кулл туҳфа, аз қабили сару либоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.
Пешвои миллат зимни суҳбат дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.
Рӯзи гузашта Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таҷлили ҷашни Меҳргон иштирок карданд.
Ҳамчунин, рӯзи 28 октябр Роҳбари давлат дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд.
Гуфта шуд, дар нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7667 иншоот ба нақша гирифта шуда, ин рақам 31 фоизи нақшаи умумии корҳои дар миқёси кишвар пешбинигардидаро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти ҷамъбастӣ, то ҳол корҳои сохтмонӣ дар 8180 иншооту биноҳо, яъне 513 иншоот аз нақша зиёд ба маблағи умумии беш аз 2,7 миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳамаи онҳо ба истифода супорида шуданд. Нақшаи тасдиқгардида қариб 107 фоиз таъмин гардид.
Президент ба тамоми мардуми вилояти Хатлон, махсусан, ба соҳибкорону шахсони саховатпеша, ки барои ободу пешрафта гардонидани шаҳру ноҳияҳои вилоят софдилона заҳмат кашида истодаанд, миннатдорӣ изҳор карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ҷиҳати идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон тақвият бахшида, сифати корҳо дар иншооти бунёдшаванда ва истифодаи самараноки онҳоро назорат намоянд.
Ҳамчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корҳоро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоя, махсусан, сармояи мустақим тақвият бахшанд.
Президент роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Сарвари давлат зарур шумурданд, ки бо мақсади истифодаи ҳарчи бештар аз имконияту захираҳои вилоят корҳо дар самти зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, ташкили фермаҳои чорводориву корхонаҳои парандапарварӣ, инчунин, хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар минтақаҳои мусоид, таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа ва афзоиш додани содироти маҳсулот мунтазам чораҷӯӣ карда шавад.
Президент бо мақсади ҳарчи пурраву самаранок истифода кардани имкониятҳои фароҳамгардида роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор намуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои марбута барои ташкили марказҳои логистикӣ ва тақсимоти яклухти маҳсулот, анборҳои нигоҳдориву сардхонаҳо ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, сабзавоти барвақтӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Гуфта шуд, солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади истифодаи ҳарчи бештари иқтидори бузурги гидроэнергетикии вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 890 мегаватт, 37 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1654 киловатт, 290 километр хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолта, 4 зеристгоҳи нави барқии 220 — киловолта ва дигар инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи умумии 12,6 миллиард сомонӣ бунёд карда шудаанд. Ҳоло дар ин самт татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии қариб 9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо вазорату идораҳои далхдор корҳоро ҷиҳати истифодаи самараноки нерӯи барқ ва кам кардани талафоти он вусъат бахшанд.
Ҳамчунин, Президент ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати вусъат додани кишти тирамоҳӣ, тайёрии ҳамаҷониба ба зимистон, аз ҷумла ҳарчи зудтар ба мавсими сармо омода кардани соҳаҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳҳо, захираи маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, инчунин, захираи кофии хӯроки чорво, дастуру супоришҳо доданд.
Президент баъд аз мулоқот бо сокинони вилояти Хатлон дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии мактаби рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои иловагӣ аз ҷониби соҳибкор Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид.
Гуфта шуд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ гардидаст.
Барои амали нек — бунёди чунин як мактаби зебову замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Президент таваҷҷӯҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.