Қулфкушои равобити адабии Тоҷикистон ва Қазоқистон

Shared to Facebook

“Сарчашмаи дӯстии халқҳои мо ба давраи қадимаи асрҳои қадим рафта мерасад. Фарҳанг, таърих ва анъанаҳои монанди қазоқҳо ва тоҷикон барои ҳамкории бисёрсатҳаи мо дар муносибатҳои дутарафа ва бисёрҷабҳа заминаи мустаҳкамест”.

(Элбаси Нурсултон Назарбоев)

Чанде пеш дар театри драмавии шаҳри Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова тамрини намоишномаи дромнависи Қазоқистон Олга Малишева “Дилфизо ва Дондада” оғоз гардид. Пас аз фосилаи зиёд инак боз ҳамкории эҷодии эҷодкорони Тоҷикистону Қазоқистон аз нуктаи сукут ҳаракат кард.

Равобити фарҳангии мардуми Қазоқистон ва Тоҷикистон таърихи ҳазорсола дорад. Имрӯз низ ҳамкории эҷодӣ ба таври ҷиддӣ идома дорад. Зеро дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Элбаси Нурсултон Назарбоев дастур додаанд.

Дар ин гузориш роҷеъ ба зиёиёне, ки имрӯз низ занҷири фарҳангии ду миллати бостониро васл мекунанд, андешаронӣ мекунем.

Дар як маҳфили меҳмонони аз Алмаато омада аз имконоти сайёҳии деҳаи Артучи водии Панҷруд сухан рафт. Журналист Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ арчазори Артучро бо шоҳбайтҳо тавсиф намуд. Ҷомеашинос Латиф Ҳадязода талу теппаҳо ва обҳои мусаффои Артучро аз боғи афсонавии Ирам болотар гузошт. Дигаре аз иншооту истироҳатгоҳҳои Артуч бо аксу расмҳо қисса кард. Дар ин лаҳза меҳмони қазоқостонӣ, ки водии Зарафшонро беҳтар медонист, сухан гирифт.

“Ман Артучро аз тарҷимаи ҳоли Сафар Абдуллоҳ медонам. Аз ин лиҳоз илова мекунам, ки на ҳамаи қазоқистониҳо имкони тамошои Артучро доранд, вале қариб ҳамаи онҳо Сафар Абдуллоро мешиносанду медонанд, ки ӯ зодаи ин деҳаи зебои куҳдоман аст”, — гуфт ӯ.

Робитаҳои адабии Тоҷикистону Қазоқистон бо саъю талоши устод Мирзо Турсунзода густариш ёфта буд. Вале аз ҳам муҳимаш дар сӣ соли охир равобити фарҳангии Қазоқистон тавассути тоҷикони муқими он кишвар — профессор Сафар Абдуллоҳ, Насибалӣ Амон, Имомназар Холназаров (рӯҳаш шод бод), Саломиддин Мирзораҳматов ва дигарон хеле қавӣ шуд.

Сарсухани ҳамаи гуфтугӯ ва суҳбатҳо аз равобити адабии ин ду кишвар ҳама вақт бояд аз саҳми Сафар Абдуллоҳ оғоз шавад. Бори нахуст олими мушикоф, дақиқназар соли 1994 ба аҳамияти ҷаҳонии адабиёти қазоқ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Он вақт ба ҳайси ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Алмаато аз таъсири адабиёти форсу тоҷик ба эҷодиёти Абай, Ҷамбул Ҷабаев, Мухтор Авазов, Олҷас Сулаймонов маърӯза кард. Ин маърӯза олимони Қазоқистонро ба ҳайрат овард. Баъди чанде Сафар Абдуллоҳро ба вазифаи сарходим таъин намуданд.

Олим Сафар Абдуллоҳ дари адабиёти классикӣ ва муосири қазоқро ба Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои форсигӯ кушод. Бо ибтикори ӯ соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии “Эроннома” таъсис ёфт. Олимони Қазоқистон сардабирии маҷалларо низ ба зиммаи Сафар Абдуллоҳ гузоштанд. Маҷалла ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ нашр гардида, муҳимтарин ҷанбаҳои адабиёти Осиё ва Қазоқистонро пажуҳиш менамояд. Олимони шарқшиноси Қазоқистон, Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо Қазоқистонро ба табъ мерасонданд. Сафар Абдуллоҳ ҳамзамон ба тадриси адабиёти форсу тоҷик, забони тоҷикӣ-форсӣ дар факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон машғул шуд.

Сафар Абдуллоҳ 30 январи соли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1973—1978 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кард.

Фаъолияти илмияшро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шурӯъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта. Аспирантураро (солҳои 1981—1984) дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намуд ва дар мавзӯи “Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик” рисолаи номзадӣ дифоъ кард.

Солҳои 1981—1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон буд.

Аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад.

Силсилаи мақолаҳои илмӣ, оммавии Сафар Абдуллоҳ дар китобҳои “Нури сухан” (Алмаато, 2005), “Магические мосты” (Алмаато, 2005, ба забони русӣ) 5 соли баъдӣ беҳтарин китоб маҳсуб гардид. Муҳаққиқ хеле содда бо далелҳо ва иқтибосҳо рушди маърифат ва иродаю тавоноии маърифатсозии инсонро кашф мекунад.

Дастоварди пурарзиш илмии Сафар Абдуллоҳ дар пажуҳиш ва таҳия, тарҷимаи осори бунёдгузори адабиёти Қазоқистон Абай Қунанбоев мебошад. Ҳанӯз дар солҳои навадум Сафар Абдуллоҳ ба омӯзиши осор ва фалсафаи Абай даст зада буд. Пас аз силсиали маърӯзаҳо дар ин мавзуъ соли 1995 гулчини ашъори Абайро (дар тарҷумаи Фарзона, ба забони форсии тоҷикӣ) дар Теҳрон ба табъ расонд.

Баъдан Нашриёти “Хирадгон” (Эрон) осори машҳури Абайро бо тафсири Сафар Абдуллоҳ такроран ба табъ расонд. Ин нашри дуюми ин китоб аст. Нашри аввалро нашриёти “Суруш” соли 1995 анҷом дода буд. Нашри дуввуми таҳрир бо мақолаи муқаддимавии Сафар Абдуллоҳ дар бораи кор ва мақоми Абай дар адабиёти қазоқ ва ҷаҳон бори сеюм ба табъ расид.

Ин корнамоии эҷодӣ дар баробари тақвияти робитаҳои фарҳангии Эрону Қазоқистон мардуми даризабон ва тоҷикони ҷаҳонро бо осори Абай шинос намуд. Повести “Гурги хокистарӣ”-и Мухтор Авезов маҳз бо тарҷумаи Сафар Абдуллоҳ ба ҷаҳон муаррифӣ шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳанӯз дар дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ шоир ва мутафаккир Олҷас Сулаймонов ба адабиёт ва умуман мардуми тоҷик меҳру муҳаббати самимӣ дошт. Шоири тавонои қазоқ дар мавриди устод Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир навиштаҳои пурарзиш дорад. Дар ивази ин некназарӣ Сафар Абдуллоҳ Куллиёти осори Олҷас Сулаймонов (дар 8 ҷилд)-ро бо сарсухани муфассал таҳия ва нашр кард.

Робитаҳои таърихии маънавии Эрон ва Дашти Қипчоқ (лоиҳа аз ҷониби Институти шарқшиносии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон ва Маркази ҳуҷҷатгузорӣ ва таърихи дипломатияи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дастгирӣ гардид) нодиртарин пажуҳиш дар мавриди омӯзиш, равобит ва таъсири мутқобилаи тамаддуни Осиё маҳсуб гардид.

Осори гаронарзишиа адабиёти бостонии мо дар Аврупо ва Осиё маҳфуз аст. Феҳристи илмии дастхатҳои форсӣ, ки дар Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд, сарвати гаронарзиши маънавии мост. Сафар Абдуллоҳ бо дастгирии Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Маркази нашри мероси мактубӣ (нашри мероси хаттӣ)-и Эрон онро таҳия, тадвин ва нашр намуд. Ин заҳмати олими тоҷик аз ҷониби 6 пажуҳишгоҳи ховаршиносии ҷаҳон қадр гардид.

Сафар Абдуллоҳ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев 3 декабри соли 2015 бо медали “Эрен Енбеги Йшин” (“Барои меҳнати шуҷоатнок”) мукофотонида шуд.

Барои саҳми бузург дар таҳкими ваҳдати мардуми Қазоқистон, барои ҳифзи сулҳу ваҳдат ва рушди фарҳанги маънавӣ Сафар Абдуллоҳ бо Медали тиллоии “Бирлик” -и Ассамблеяи халқҳои Қазоқистон қадр гардид.

Дар бойгонии шахсии ӯ, осорхона ва пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Қазоқистон даҳҳо ифтихорнома ва сипосномаи маъруфтарин шарқшиносони дунё ва сарони давлатҳо маҳфуз аст, ки меҳнати ӯро қадршиносиӣ кардаанд.

Наҷмиддин Шоҳинбод

Боймуҳаммад Содиқов