Фармони Президент: солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон шуд

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи эълони панҷсолаи рушди саноат дар Тоҷикистонро имзо карданд.

Дар фармони Президент, ки имрӯз, 6 январ, тасвиб шуд, гуфта шудааст, “солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд”.

Ҳамчунин, ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки “дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд”.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 21 декабр, зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат “бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар” солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро “Солҳои рушди саноат” эълон карданд.

Ҳамакнун, дар назар аст, дар панҷ соли минбаъда рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи на кам аз 7 фоиз ва ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ, бо дарназардошти то 11 миллион нафар афзоиш ёфтани шумораи сокинони кишвар, бояд то 2 баробар зиёд карда шавад.

Инчунин, зиёда аз 870 корхонаи саноатӣ таъсис дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ расонида, содироти он ду баробар афзоиш дода шавад.

Ҳиссаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 26 фоиз расонида, дар ин раванд гуногунсамтии истеҳсолоти саноатӣ таъмин карда шавад.

Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад.

 

 

ФАРМОНИ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи “Солҳои рушди саноат” эълон намудани солҳои 2022-2026

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади таъмини амалишавии раванди саноатикунонии босуръати кишвар, фармон медиҳам:

1. Солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати шаш моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

6 январи соли 2022

№309