Ҳамаи ташкилотҳои молиявии Қазоқистон фаъолияти худро қатъ кардаанд

Shared to Facebook

Ҳамаи ташкилотҳои молиявии Қазоқистон пас аз оғози амалиёти зиддитеррористӣ ва қатъи интернет фаъолияти худро мутаваққиф карданд, хабар дод шабакаи телевизионии “Хабар 24” бо истинод ба котиби матбуотии Бонки миллӣ Олжас Рамазонов.

“Агентии танзим ва рушди бозори молиявӣ ва Бонки миллии Қазоқистон бо дарназардошти гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо дарназардошти халалдоршавии муваққатӣ дар Интернет, инчунин ҳифзи саломатӣ ва ҳаёти кормандони ташкилотҳои молиявӣ ва истеъмолкунандагони хадамоти молиявӣ, дар бораи боздоштани муваққатии фаъолияти тамоми ташкилотҳои молиявӣ хабар медиҳанд”, — гуфт вай.

Ҳамин тавр, ба гуфтаи Рамазонов, дар Қазоқистон тамоми бонкҳои дараҷаи дуввум ва биржа кори худро қатъ карданд.

Бино ба хабарҳо, сокинони Нур-Султон барои гирифтани пули нақд аз банкоматҳо дар назди шӯъбаи “Бонки мардумии Қазоқистон” (Halyk Bank) навбатпоӣ мекунанд. Шаҳрвандон ба гирифтани пул ба таври оммавӣ шурӯъ кардаанд, зеро ин ягона ташкилоти молиявию қарзӣ аст, ки фаъолият дорад. Рӯзи дуюм аст, ки пойтахти Қазоқистон интернет надорад. Ба ин далел, мағозаҳо пардохтҳои ғайринақдиро аз муштариён қабул намекунанд.