Дархости СҶТ ва ЮНИСЕФ барои долони ҳавоӣ ба Афғонистон

Shared to Facebook

Дар пасманзари зиёд шудани ниёзҳо ба кумакҳои башардӯстона дар Афғонистон, имкони расонидани он, пеш аз ҳама, ба сабаби манъи парвозҳои тиҷоратӣ ба Кобул коҳиш меёбад. Кормандони Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (CҶТ) дастрасии фаврӣ ба миллионҳо нафар афғонҳои ниёзманди кумакҳои ҳаётан муҳимро талаб кардаанд.

Дар ин бора маркази иттилоотии СММ хабар дод.

Бино ба гузориши муштараки ин созмонҳо, ҳанӯз қабл аз он ки “Толибон” Афғонистонро ишғол кунанд, 18 миллион аҳолии ин кишвар ба кумак ниёз дошт. Ин сеюмин бузургтарин амалиёти башардӯстона дар ҷаҳон буд. Илова ба ин, танҳо дар ду моҳи охир 300 ҳазор афғонистонӣ манзилҳои худро тарк кардаанд:

“Рӯзҳои охир вазифаи асосӣ тахлияи хориҷиён ва афғонҳои осебпазир буд,  вале дар баробари ин, талаботи зиёди аксар аҳолии кишварро нодида гирифтан номумкин аст. Азбаски дар фурудгоҳи Кобул фуруд омадани хатсайрҳои тиҷоратӣ манъ аст, мо наметавонем захираи кумакҳои башардӯстонаро ба кишвар ворид карда, ба ниёзмандон расонем. Дигар созмонҳои башардӯстона низ ҳамин мушкилотро аз сар мегузаронанд”, — гуфта шудааст дар изҳороти муштараки ЮНИСЕФ ва СҶТ, ки аввали ин ҳафта нашр шуд.

Муаллифони изҳорот даъват кардаанд, ки фавран як долони ҳавоӣ таъсис ёбад, то имкон диҳад ба Афғонистон пайваста ва бемамониат кумак расонида шавад.

Гуфта мешавад, новобаста ба он ки рӯзҳои аввал бехатарии кормандон дар афзалият буд, СҶТ ва ЮНИСЕФ корро ҳатто ҳангоми задухӯрдҳои шадид низ идома доданд. Акнун онҳо таваҷҷуҳи худро пурра ба дастгирии миллионҳо афғонҳои дар кишвармонда равона кардаанд.

Ба ғайр аз ҷанг Афғонистон, ҳамчунин, хушксолӣ ва COVID-19-ро аз сар мегузаронад. Вобаста ба ин муаллифони изҳорот даъват кардаанд, созмонҳои башардӯстонае, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои бузург ва доимо ба кумак афзоянда дар ин кишвар кӯшиш мекунанд, дастгирӣ карда шаванд.