Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода рӯзи 15 феврал бо Роҳбари Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевдӣ мулоқот кард. Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, мулоқот бо дархости он ҷониб баргузор гардид:
“Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои муҳимми ҳамкориҳои Тоҷикистон бо UNHCR, аз ҷумла мусоидат ба паноҳандагон ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд”, — хабар медиҳад манбаъ.