Ҳолати бамиёномада (вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ) ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида истодааст ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.
Ин нуктаро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 апрел зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд таъкид карданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Суғдро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои зикршуда бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати коҳиш додани таъсири омилҳои беруна тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бо натиҷагирӣ аз сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт, Президент оид ба татбиқи саривақтии супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон, дастурҳои зимни сафарҳои корӣ додаи Роҳбари давлат, иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди масъулини вилоят вазифаҳо гузоштанд.
Махсусан, дар самти таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ниёзи аввалия, маводи зарурӣ ва ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирии болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва иловагии рушд ва дигар тадбирҳо дастуру супоришҳо дода шудаанд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастур додаанд, ки дар рӯзҳои авҷи мавсими киштукор тамоми кишоварзон ва ҳар як оиларо ба истифодаи оқилонаву самараноки замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ сафарбар намоянд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар назди роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ҷиҳати рушди минбаъдаи чорводорӣ, парандапарвариву моҳипарварӣ, ташкили маҷмааҳои агросаноатӣ бо мақсади ба роҳ мондани силсилаи пурраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмин намудани бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти соҳа вазифаҳо гузоштаанд.
Зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои банду басти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ ҷиҳати мунтазам таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ аз тадбирҳои муҳим номида шудааст.
Барои рушду пешрафти соҳаҳо, бахусус соҳибкории хурду миёна, зарур шумурда шудааст, ки корҳо ҷиҳати ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат ташкилу ба роҳ монда шавад.
Дастуру супоришҳои дигар ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорати саноат ва технологияҳои нав барои татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар, доир ба таъсиси корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дода шудаанд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба боло бурдани сифати таълим ва дар соҳаи тандурустӣ беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷоннок кардани корҳои беҳдоштии санитарӣ дар байни мардум таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Дар назди роҳбарону фаъолони кишвар вазифа гузошта шудааст, ки корро дар байни аҳолӣ дар самти пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу экстремистӣ, зуҳуроти бегонапарастӣ, тақлид ба сарулибоси бегона ва анъанаҳои номатлуб густариш бахшида, онҳоро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят намоянд. Якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ҷалби васеи сохторҳои кор бо ҷавонон, занон, падару модарон ва аҳли зиё ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия созанд.
Сарвари давлат, ҳамчунин, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳрвандони мамлакатро ба истиқболи сазовори ҷашни 35 — солагии истиқлоли давлатӣ, татбиқи чорабиниҳои вобаста ба панҷсолаи рушди саноат, иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва дасти сахо дароз кардан ба табақаи ниёзманд ҳидоят кардаанд.
Дар машварати корӣ, ҳамчунин, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ба Сарвари давлат ҳисобот додаанд.
Ёдрас мекунем, ки сафари кории Президент дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 14 то 17 апрел ҷараён дошт. Ҳамон рӯз нахуст дар ноҳияи Айнӣ Корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” ба истифода дода ва дар мавзеи Кончоч бо гузоштани санги асос ба бунёди корхонаи нави металлургӣ ва корхонаи афинажи тиллои ҶСП “ТАЛКО Голд” оғоз бахшида шуд.
Ҳамчунин, ҳамон рӯз Сарвари давлат дар шаҳри Панҷакент хати оби полезиро барои обёрии 200 гектар замин ба истифода супорида, ба бунёди боғи нави интенсивӣ оғоз бахшиданд.
Дар идома дар шаҳри Панҷакент фермаи чорвопарварӣ дар мавзеи дашти Қозӣ, Муассисаи давлатии “Таваллудхонаи шаҳр” дар кӯчаи “50-солагии Тоҷикистон”, меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза”, муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”, маркази табобати дандон, коргоҳи дузандагӣ ва истеҳсоли мебел, майдони Парчами давлатӣ, Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, майдони Нишони давлатӣ, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 ба номи “Спитамен”, Маркази савдо ва хизматрасонии “Убайдулло”, Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-ро ба истифода супорида, Президент, ҳамчунин, дар тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Панҷакент ширкат варзиданд.
Рӯзи 15 апрел бошад, Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон марҳилаи сеюми корхонаи истеҳсоли халтаҳо дар ҶДММ “Суғдпак” ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи асфалтбарорӣ ва хати оби полезӣ ба истифода супорида, ба бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии “Сомонӣ” оғоз бахшиданд. Ҳамчунин, дар ин ноҳия Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ “Хорои Суғд”, Корхонаи паррандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ “Амина-К”, Коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ “Амина К”, бинои нави таълимӣ дар назди Муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 15 ва корхонаи истеҳсоли макарони ҶДММ “Орди фатир” ба истифода супорида шуд.
Дар идома, ҳамон рӯз Сарвари давлат дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи ҶДММ “Органик-Ян 2”, Коргоҳи истеҳсолии хӯроки чорво ва паранда ва Коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Хишти аълосифат” ва дар шаҳри Хуҷанд Муассисаи таълимии ғайридавлатии Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологии Тоҷикистон ва Коргоҳи истеҳсолии “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш”-ро ба истифода супорида, ҳамчунин, аз бинои Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ боздид намуданд.
Рӯзи 16 апрел сафари кории Президент дар ноҳияи Ашт идома ёфт. Президент дар ин ноҳия нахуст хати оби полезиро ба истифода дода, ба бунёди боғи нави гелос оғоз бахшиданд ва намоиши кишоварзӣ боздид намуданд.
Дар идома, дар ин ноҳия бинои Беморхонаи ноҳиявии №5, Фермаи чорвопарварии Муассисаи давлатии “Хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитов”, бинои Кӯдакистони хусусии “Бунёд”, Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол”, Коргоҳи дӯзандагӣ ва тарабхона ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Маҷмааи фарҳангию фароғатии “30-солагии Истиқлол” ба 100 нафар ятими кулл мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Ҳамон рӯз корҳои сохтмонӣ барои бунёди Корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ҷӯроббофӣ оғоз карда шуда, дар идома Президент бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ашт мулоқот карданд.
Рӯзи 17 апрел сафари кории Президент дар шаҳри Исфара идома ёфт. Сарвари давлат нахуст ба фаъолияти коргоҳи дӯзандагии “Зебо” оғоз бахшиданд. Дар идома, коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ “Базеб”, коргоҳи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ “Саманд”, маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи “Ширин”, майдони “Парчами давлатӣ”, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, коргоҳи қаннодии ҶДММ “Баракат-Исфара”, кӯдакистони хусусии “Шаҳноз” ва Мактаби байналмиллалии “Контакт” ба истифода супорида шуданд.
Ҳамчунин, Президент маркази хизматрасонӣ ва меҳмонхонаи “Ширин” ба 50 нафар ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуда, аз ҶСК “Тамохуш” ва намоиши маҳсулоти коргоҳи қаннодии ҶДММ “Баракат-Исфара” боздид намуданд.
Дар идома Президент бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Исфара мулоқот карданд. Ҳалли масъалаи сарҳадӣ бо Қирғизистон яке аз мавзӯъҳои суханронии Президент буд.
Президент бо ин ки гуфтанд, шаҳри Исфара бо Қирғизистон сарҳади тӯлонӣ дошта, дар самти таҳкими муносибатҳои дӯстонаву ҳамсоягӣ миёни халқҳои ду кишвар саҳми муҳим дорад, таъкид намуданд, ки барои мардуми ин шаҳр делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ (яъне ҳалли масъалаи сарҳадӣ) байни Тоҷикистон ва Қирғизистон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, Ҳукумати Тоҷикистон манфиатдор аст, ки расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарчи зудтар бо роҳи гуфтушунид анҷом дода шавад:
“Вале таъкид менамоям, ки ҳалли масъалаҳои марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хатти сарҳади давлатӣ ва аломатгузории он раванди хеле мураккаб буда, муҳлат ва заҳмати зиёди мутахассисонро талаб менамояд.
Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.
Бинобар ин, бори дигар ба мардуми шаҳри Исфара хотиррасон менамоям, ки бояд бо ҳамсояҳои худ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамсоягии нек кору зиндагӣ кунанд, бо онҳо рафту омад ва ҳамкории дӯстона дошта бошанд, босабру таҳаммул бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.
Зеро тибқи ҳикмати мардуми хирадмандамон ҳамсояро интихоб намекунанд.
Такроран таъкид менамоям, ки масъалаҳои марзии байни давлатҳо танҳо ва танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешаванд ва дар ин масъала роҳи дигар вуҷуд надорад.
Фаромӯш набояд кард, ки мо – тоҷикон ҳамчун яке аз миллатҳои бостонии дунё дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, солориву тамкин ва сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем.
Ман ба ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварии мардуми шарифи шаҳри бостонии Исфара эътимоди комил дорам”, — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Рӯзи 17 апрел, қабл аз машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, Президент ба фаъолияти коргоҳи холисгардонии тилло ва нуқраи ҶДММ “ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ” дар мавзеи Кумарғи болои ноҳияи Айнӣ оғоз бахшиданд. Маросими ифтитоҳи коргоҳи мазкур тариқи онлайн сурат гирифт.